Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

24 июнь 2023, Суббота
1 019
0
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҳамватанонро ҳушдор медиҳад, ки бо дарназардошти таҳдид ба вазъияти амниятӣ дар кишвари иқомат, аз сафари ғайримақсаднок ба минтақаҳои наздисарҳадии Федератсияи Россия бо Украина худдорӣ намоянд.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии зиддитеррористӣ, дар шаҳри Москва, вилояҳои Москва ва Воронеж режими амалиёти зиддитеррористӣ эълон карда шудааст.

Вобаста ба ин, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ба ҷойҳои ҷамъиятии серодам ва чорабиниҳои оммавӣ, хусусан бо истифода аз нақлиёти шахсии худ, худдорӣ намоянд.

Барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандони кишварамон метавонанд ба Намояндагӣ ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;

3. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (966) 031-22-22;

4. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;

6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (926) 311-52-53.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ