Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вохӯриҳои навбатӣ бо корфармоён ва муҳоҷирони меҳнатӣ

Вохӯриҳои навбатӣ бо корфармоён ва муҳоҷирони меҳнатӣ

06 март 2024, Среда
695
0
Вохӯриҳои навбатӣ бо корфармоён ва муҳоҷирони меҳнатӣ
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади тақвият бахшидани корҳои иттилоотӣ, ҷиҳати тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба раванди қонунигардонии муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Россия қарор доранд, вохӯриҳои судмандро анҷом додааст.

Дар ин самт, дар доираи нақшаи вохӯриҳо санаи 1 марти соли 2024 боздиди Намояндагӣ аз ширкатҳои ҶДММ «Сладкая жизнь», ҶДММ “СПЕКТР-НН” ва вохӯрӣ бо соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тоҷикони муқими Федератсияи Россия, ки дар шаҳри Дзержинск фаъолият менамоянд, баргузор гардид.

Дар ширкатҳои номбурда ҳудуди 300 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити корӣ бо ҳамватанон, ки дар ширкатҳои мазкур фаъолият менамоянд, суҳбат гузаронида шуд.

Аз ҷониби Намояндагӣ нахуст иброз дошта шуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин равобити миёни Тоҷикистон ва Россия дар сатҳи баланд қарор дорад ва бо ин кишвари дӯст аз даврони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ муносибатҳои судманд роҳандозӣ гардидааст, ки имрӯз тамоми соҳаҳоро фаро мегирад.

Дар рафти сӯҳбат аз ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид гардид, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Аз ин лиҳоз муҳоҷирони меҳнатиро мебояд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои мунтазами Пешвои миллат ба касбомӯзӣ машғул шуда, бо рафтори шоистаи худ дар кишвари иқомат намунаи ибрат нишон диҳанд.

Дар идома, ба вазъи кунунии соҳаи муҳоҷирати кишвари иқомат, тағйиротҳои воридгардида дар қонунгузорӣ, тадбирҳои анҷомдодашуда ва корҳои банақшагирифташуда барои фаъолияти минбаъда маълумоти муфассал дода шуд.

Масъалаи дигаре, ки зимни вохӯрӣ корбарӣ гардид, ин зарурати андешидани тадбирҳои муассир дар маҷрои ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ - зодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ободию рушди Ватан ба ҳайси шарикони рушд, таъмини ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф ва манофеи қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ, тақвияти кор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳсоси масъулияти шаҳрвандии онҳо, таҳкими ҳувияти миллӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ таъкид карда шуд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ