Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вохӯрии навбатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ

Вохӯрии навбатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ

17 октябрь 2023, Вторник
417
0
Вохӯрии навбатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади тақвият бахшидани корҳои иттилоотӣ, ҷиҳати тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба раванди қонунигардонии муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Россия қарор доранд, вохӯриҳои судмандро анҷом додааст.

Дар ин самт, 15 октябри соли 2023 вохӯрии Намоянагӣ якҷоягӣ бо роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии миллию автономии тоҷикони вилояти Самара Назриев Сунатулло дар Хонаи дӯстии халқҳои шаҳри Самара бо муҳоҷирони тоҷик баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ нахуст аз ҷониби Намояндагӣ доир ба вазъи кунунии соҳаи муҳоҷирати кишвари иқомат, тадбирҳои анҷомдодашуда ва корҳои банақшагирифташуда барои фаъолияти минбаъда маълумоти муфассал дода шуд.

Қайд гардид, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати ба танзим даровардани он, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷораҳои амалӣ андешида мешаванд.

Зимни вохӯрӣ оид ба роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, роҷеъ ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва зарурати аз ҷониби ҳамватанон риояи қатъии қонунгузории Федератсияи Россия ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони бумии кишвари иқомат, дурӣ ҷустан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои ифротгаро ибрози андеша гардид.

Ҳамзамон, зарурати андешидани тадбирҳои муассирро дар маҷрои ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ - зодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ободию рушди Ватан ба ҳайси шарикони рушд, таъмини ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф ва манофеи қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ, тақвияти кор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳсоси масъулияти шаҳрвандии онҳо, таҳкими ҳувияти миллӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ таъкид карда шуд.

Читайте также:

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ