Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мусоидати Намояндагӣ вобаста ба баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ

Мусоидати Намояндагӣ вобаста ба баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ

09 июль 2024, Вторник
665
0
Мусоидати Намояндагӣ вобаста ба баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиатҳои даъвогии шаҳрвандонамонро бобати нопардохти музди меҳнаташон бо роҳҳои муколама бо корфармоён ва мусоидати мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия пайваста мавриди пайгирӣ қарор дода, аз натиҷаи бархе аз онҳо хабар медиҳад.

Чунончӣ, муроҷиати шаҳрванд М.М., вобаста ба нопардохти музди меҳнат аз тарафи ширкати ҶДММ “Вест Консалт” ба маблағи 55 000,00 рубл, шаҳрванд М.П., аз корфармо ба маблағи 38 500,00 рубл ва шаҳрванд У.А. бо ҳамроҳии ҳамсараш аз ширкати “ЖуйАн” ба маблағи 56 850,00 рубл мавриди корбарӣ қарор гирифта, дар натиҷа музди меҳнати нопардохтшудаашон ба маблағи 150 350,00 рубл (муодил ба 18 094,00 сомонӣ) аз корфармоён ба фоидаи шаҳрвандон баргардонида шуд.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (910) 443-63-35, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (993) 586-73-40 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;

3. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53.

4. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;

6. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11.

7. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ