Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Таҷлили солгарди қабули Сарқонун дар Сафорати Тоҷикистон дар ФР

Таҷлили солгарди қабули Сарқонун дар Сафорати Тоҷикистон дар ФР

05 ноябрь 2014, Среда
1 617
0
Таҷлили солгарди қабули Сарқонун дар Сафорати Тоҷикистон дар ФР
Санаи 04 ноябри соли 2014 кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 20-умин солгарди қабули Конститутсия ҶТ, ки дар бинои Сафорати ҶТ дар ФР баргузор гардид, ширкат намуданд. Дар ҷамъомад Сафири ҶТ дар ФР, кормандони Сафорат, намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар ФР, роҳбарони ташкилоту созмонҳои тоҷикистониёни ш.Москва, зиёиён ва донишҷӯёни тоҷик ширкат намуданд.
Таҷлили солгарди қабули Сарқонун дар Сафорати Тоҷикистон дар ФР
Дар оғози чорабинӣ ҳозиринро ба муносибати ин санаи таърихӣ сафири ҶТ дар ФР Имомуддин Сатторов табрик намуда, оид ба зарурати таърихӣ ва моҳияти қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз суханрони кард. Қайд гардид, ки аз марҳилаҳои аввали ташаккули пояҳои давлатдорӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сиёсати хориҷии худ принсипи сиёсати «дарҳои кушод»-ро пеш гирифт. Ин маънои онро дорад, ки давлати мо омодааст, бо кулли кишварҳои ҷаҳон, ки бо нияти неку дӯстона ва дар асоси баробарҳуқуқӣ бо мо муносибат кардан мехоҳанд, равобити мутақобила ба роҳ монад. Ва маҳз қабули Сарқонуни аз лиҳози меъёрҳои умумибашарӣ такмилёфта ба мо имкон дод, ки дар ин ҷода муваффақ бошему дар арсаи ҷаҳонӣ мақому ҷойгоҳи хоси худро соҳиб шавем. Имрӯз Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмиллалӣ эътироф шуда, аъзои ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ мебошад.
Таҷлили солгарди қабули Сарқонун дар Сафорати Тоҷикистон дар ФР
Дар хусуси марҳилаҳои таърихии қабули Сарқонун ва аҳамияти он дар таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон намояндаи ҶТ дар Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё Файзулло Холбобоев ва олими тоҷик Ҳокимшо Муҳаббатов маърӯза карданд. Бо дастури намояндагӣ баргузории чорабиниҳо бахшида ба солгарди қабули Конститутсия дар манотиқи гуногуни ФР аз ҷониби кормандони дар сафари хизматибуда дар назар аст.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ