Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Сӯхтори бозори "Адмирал" дар шаҳри Қазон

Сӯхтори бозори "Адмирал" дар шаҳри Қазон

13 март 2015, Пятница
1 975
0
Сӯхтори бозори "Адмирал" дар шаҳри Қазон
Тибқи ахбороти ба даст овардаи намояндагии дипломатӣ дар натиҷаи сӯхтори бозори "Адмирал" дар шаҳри Қазон шаш нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд:
1.Риёев Эмомали Раҳматуллоевич с.т. 1984 аз н. Рудаки
2.Тураев Қосимҷон Азамхуҷаевич с.т. 1971 аз ш. Душанбе
3.Ҳикматуллои Ҳайтуллохон с.т. 1992 аз н. Рудаки
4.Давронов Алишер Азимович с.т 1996 аз ш. Душанбе
Эҳтимолиёти мавчуд будани ҷасади боз ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон (Хомидов Шокир Хокимович ва касе бо номи Асадуло) дар зери бому деворҳои афтодаи маркази тиҷорати мавҷуд аст. Маълумот дар бораашон феълан дақиқ мешавад.
Се нафари дигар ҷароҳати гуногун бардошта, дар бемористонҳои №7 ва №12-и ш. Қазон қарор доранд.
Ҳамаи ҷабрдидагон ва фавтидагон дар бозори "Адмирал" ба ҳайси фурушанда ва дукондор кор мекарданд.
Ҳукумати Тотористон, тасмим гирифтааст, ки ба хонаводаи қурбониёни сухтор 1 миллион рубли русӣ кумак карда, харҷи интиқоли ҷасади онҳро ба ватанашон ба уҳда мегирад. Ба шахсоне, ки осеби ҷиддӣ надидаанд, вобаста ба зиёнашон аз 200 то 400 ҳазор рубли русӣ ҷубронпулӣ дода мешавад.
Бо мақсади расонидани кӯмак ба шаҳрвандони зарардида ва хешовандони онҳое, ки ба фалокат расидаанд корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Қазон Таваров Шоҳназар ва роҳбари ҷамъияти тоҷикони минтақа Гадоев Ҳикматулло дар ҷои воқеъа қарор доранд. Сафорат ҳамчунин бо ситоди Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Россия дар ш. Қазон ва дигар мақомоти марбутаи ин қазия доимо дар тамос аст.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ