Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вохӯрию мулоқотҳои Намояндагӣ бо муҳоҷирон оид ба моҳияти раъйпурсӣ

Вохӯрию мулоқотҳои Намояндагӣ бо муҳоҷирон оид ба моҳияти раъйпурсӣ

05 май 2016, Четверг
1 259
0
Вохӯрию мулоқотҳои Намояндагӣ бо муҳоҷирон оид ба моҳияти раъйпурсӣ
Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба моҳияти раъйпурсии умумихалқӣ, ки санаи 22 майи соли равон баргузор мегардад, Сафорати ҶТ дар ФР ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират дар манотиқи гуногуни Федератсияи Россия силсилаи мулоқоту вохуриҳоро бо муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҶТ баргузор менамоянд.
Дар доираи чунин тадбирҳо санаи 4 майи соли равон дар маркази тичоратии Москваи шахри Москва кормандони Намояндагӣ дар ҳамдастӣ бо кормандони Сафорати ҶТ бо гурӯҳи сершумори муҳочирони меҳнатӣ, ки муваққатан дар ин марказ кору фаъолият доранд, мулоқот анчом доданд.
Дар рафти вохурӣ ба ҳамватанон доир ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот муфассал дода шуд. Зимни баромад рохбари Намояндагии
Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии ЧТ дар ФР Зохир Мирзозода зикр намуд, ки раванди инкишофи ҷомеа ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, бахусус рушду ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ такмили пайвастаи меъёрҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла меъёрҳои Конститутсияро тақозо мекунад.
Вохӯрию мулоқотҳои Намояндагӣ бо муҳоҷирон оид ба моҳияти раъйпурсӣ
Дар навбати худ мукаммалгардонии ҳам Конститутсия ва ҳам қонунгузорӣ барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мусоидат намуда, чунин тадбирҳои муҳим баҳри мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум заминаи воқеӣ мегузорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, “ мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз барои амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд”.
Вохӯрию мулоқотҳои Намояндагӣ бо муҳоҷирон оид ба моҳияти раъйпурсӣ
Бояд гуфт, ки дар маркази тичоратии “Москва” яке аз калонтарин марказхои тичорату хизматрасонии пойтахти ФР ба шумор рафта, дар он бештар аз 4 хазор шахрвандони мо кору фаъолият менамоянд, ки асосан бо тичорату корхои хизматрасони машгуланд.
Иштирокдорони вохурӣ дар навбати худ изҳор намуданд, ки сарфи назар аз дар хориҷи мамлакат қарор доштанашон ба равандҳои сиёсӣ-иҷтимоии кишвар бетараф нестанд ва дар чорабиниҳои муҳими чомеа фаъолона ширкат намуда, мавқеи шаҳрвандии худро бо масъулияти томм муайян месозанд. Зеро яке аз талаботҳои асосии ташакккули ҷомеаи демократӣ ин иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳалли масоили мубрами ҷомеа ба шумор меравад.
Дар фарҷоми вохури масъулини Намояндаги хамчунин вобаста ба талаботхои конунгузории ФР оид ба будубош ва фаъолияти мехнатии шахрвандони хоричи маълумот дода, дар самти пешгирии холатхои пайвастани бархе аз ҷавонон ба хизбу ҳаракатҳои ифротгароиву экстремистӣ аз роҳбарони бригадаҳо ва муҳочирони фаъол даъват ба амал оварданд, ки масъулияти бештар зоҳир намоянд.
Бояд гуфт, ки чунин вохуриҳоро Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират дар манотиқи дигари Россия низ бо ҷалби шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор намуда истодааст.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ