Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вохӯрии Намояндагӣ дар хобгоҳи муҳоҷирон

Вохӯрии Намояндагӣ дар хобгоҳи муҳоҷирон

11 май 2016, Среда
1 485
0
Вохӯрии Намояндагӣ дар хобгоҳи муҳоҷирон
Дар доираи тадбирҳо вобаста ба таблиғу даъвати ҳамватанон барои ширкати фаъол дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тагйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манотиқи гуногуни Россия мулоқоту вохуриҳои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират бо муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҶТ идома дорад.
Санаи 10 майи соли 2016 кормандони Намояндагӣ бо мақсади фаҳмонидани зарурат ва моҳияти раъйпурсии дар пешистода дар хобгоҳи “Горотел”-и шаҳри Москва бо гуруҳи 60 нафараи сохтмончиёни тоҷик, ки дар хобгоҳи мазкур иқомат доранд, баргузор намуд.
Муайян шуд, ки дар ҳоли ҳозир дар хобгоҳи зикршуда, наздики 100 нафар муҳоҷири тоҷик иқомат дошта, дар ҳайати ширкатҳои сохтмонии шаҳри Москва кору фаъолият доранд.
Дар рафти мулоқот ба муҳоҷирон доир ба аҳамияти баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва зарурати иштироки ҳар як шаҳрванди худогоҳу масъулиятшинос сухан рафт. Зикр шуд, ки сарфи назар аз дар хориҷи кишвар қарор доштанашон, Ҳукумати Тоҷикистон имруз шароит фароҳам овардааст, ки ҳар як тоҷикистонӣ озодона дар равандҳои сиёсию ҷамъиятӣ мамлакат фаъолона ширкат варзида, мавқеи худро муайян созад.
Дар интиҳои мулоқот ба сохтмончиён варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба сана ва макони баргузории чорабинӣ тақсим карда шуда, таъкид гардид, ки рузи раъйпурсӣ Намояндагӣ омодааст ҷиҳати таъмини нақлиёт барои рафтуойи хоҳишмандон мусоидат намояд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ