Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Муайян намудани манъи воридоти шаҳрвандон ба қаламрави ФР тавассути сомонаи интернетии Хадамоти Федералии Муҳоҷирати Россия.

Муайян намудани манъи воридоти шаҳрвандон ба қаламрави ФР тавассути сомонаи интернетии Хадамоти Федералии Муҳоҷирати Россия.

05 декабрь 2013, Четверг
2 496
0
Муайян намудани  манъи  воридоти шаҳрвандон ба қаламрави ФР тавассути сомонаи интернетии  Хадамоти  Федералии Муҳоҷирати Россия.
Муайян намудани манъи воридоти шаҳрвандон ба қаламрави ФР тавассути сомонаи интернетии Хадамоти Федералии Муҳоҷирати Россия.
Намояндагӣ ба таваҷҷуҳи муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони ҶТ мерасонад, ки охири моҳи ноябри соли равон дар сомонаи интернетии ХФМ Россия , дар қисмати « Хизматрасонии иттилоотӣ» (Информационные сервисы) оид ба шаҳрвандоне, ки вобаста ба вайрон кардани қонунҳои буду боши муҳоҷират ва содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷиҳати манъ будани воридоташон ба қаламрави ФР ҳамчун меҳмони нохонда , маълумоти зарурӣ пахш гардид. Акнун ҳар як шаҳрванд пеш аз сафар ба Федератсияи Россия бо осонӣ дар сомонаи интернети Хадамоти Федералии Муҳоҷирати Россия (сайт ФМС Россия) даромада, қисмати (Информационные сервисы) «Хизматрасонии иттилоотӣ» -ро пахш намоед ва бо пайдо шудани сатри муайян намудани асосҳои манъ будани воридот ба ФР бо хати ФМС, дар ҳол мушахассоти худро дар бандҳои нишондоди шиносномаи шаҳрвандӣ, ному насаб, санаи таваллуд, ҷинс, серия ва рақами шиноснома, санади додани шиноснома, мақоме, ки шиноснома дода шудааст ва мӯҳлати онро пур намоед, баъдан шохиси (коди махсус) дар охири сатрҳо пайдошударо дар банди охир дохил намуда, тугмачаи равон кардани дархостро зер намоед. Шумо бо иҷро намудани ин амали дар боло зикр ёфта, барои фаҳмидани ному насабатон дар рӯйхати шаҳрвандони манъ будани воридоташон ба қаламрави ФР муваффақ мешавед.
Ин иқдом мушкилоти шаҳрвандонеро, ки бо сабаби надоштани маълумот дар бораи маҳкам будани воридоташон ба Федератсияи Россия, ки зимни сафар дар фурудгоҳҳои ҳавоӣ ва нақлиётиву қатора аз тарафи кормандони сарҳадбони қаламрави кишвари Россия бо надодани ӣҷозати вуруд бозпас мегарданд, аз байн мебарад.

Маркази матбуоти Намояндагӣ дар Федератсияи Россия

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ