Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Аз дасисабозон эҳтиёт шавед!

Аз дасисабозон эҳтиёт шавед!

31 июль 2018, Вторник
996
0
Аз дасисабозон эҳтиёт шавед!Ҳамватанони гиромӣ! Шумо, ки имрӯзҳо барои дарёфти ризқу рӯзии наздикону пайвандони худ дар мусофират машғули меҳнати ҳалол ҳастед, ба қадри нону намак ва хоки муқаддаси Ватани азиз ба хуби мерасед. Кушишу талош мекунед, ки бо заҳмати ҳалол ва бо арақи ҷабин нони худро соҳиб шаведу дар муҳоҷират миёни дигар холқияту миллатҳо аз обруву номуси миллии худ ҳимоят кунед. Мутаассифона, ҳастанд бархе ашхосе, ки барояшон мафҳумҳои муқаддас ба мисли Модар-Ватан, нангу номуси миллӣ, истиқлолу озодӣ, осоишу ободии сарзамин аҷдодӣ, рӯҳи гузаштагони ҷонфидо ва эмону эътиқод бегонаанд, ва ҳатто талоши дарки маънии онро намекунанд. Дареғо, аз нодонию ноогоҳӣ умри ҷавони худро қурбони дасисаҳои гуруҳҳои ғаразноку мансабталош мегардонанд. Сад афсус, ки кишвари ҷавони мо дар таърихи начандон тӯлонии истиқлоли худ пайомадҳои нангину хунини чунин дасисаҳо, ки аз берун гурӯҳҳои манфиатҷӯӣ таҳмил мекард, аз сар гузаронд. Вале, бо марҳамати Парвардигор бар сари миллати азияткашидаи тоҷик Сарвари ғамхору оқил омаду миллат аз парокандагӣ ва сарзамини муқаддаси аҷдодӣ аз нестӣ эмин монд. Таҷриба нишон медиҳад, ки манфиатҷӯёни манфур аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст кашидани нестанд. Ба ҳар роҳу восита, аз ҷумла зери ниқоби дину ойин, ки яке аз меъёрҳои ботинию маънавии ҳассоси ҷомеа ба шумор меравад, мехоҳанд миёни мардум тухми иғвову дасиса андохта, оромию осоиши моро халалдор созанд. Чашми нафрини онҳо ободию рушди рӯзафзуни Тоҷикистони биҳиштосоро хоҳишу қудрати дидан надорад. Кӯшиш менамоянд, бо истифода аз хурдтарин имконот неши заҳролудаи хешро ба кор баранд. Ҳодисаи нангине, ки 29 июли соли 2018 дар масири шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба амал омад, бори дигар аз гуфтаҳои боло шаҳодат медиҳад.
Мувофиқи иттилои расмии ВКД ҶТ, гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон бо автомашинаи тамғаи «Леганзе», рақами қайди давлатиаш 74-98 ВН 03 (дар км 81) бо суръати баланд ба 7 нафар сайёҳони хориҷӣ – шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Шветсария, Нидерландия ва Франсия, ки бо воситаи велосипедҳо аз самти Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат менамуданд, ҳуҷум карданд.
Пас аз онҳоро зада, аз по афтонидан, бо мақсади куштан бо олотҳои халандаю бурранда аз қабили кордҳои калон ва табарҳо ба узвҳои ҳаётан муҳими сайёҳон зада, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷа 4 нафар сайёҳони хориҷӣ ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шуданд..
Ҳамон замон ба таври фаврӣ Ситоди байниидоравии махсус таъсис дода шуд, ки он фаъолияти худро оғоз намуд. Дар он кормандони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шомил гардиданд, ки амалиёти махсус ва дигар чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро барои кушодани ҷиноят оғоз намуданд.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи ҳодиса таъҷилан ҳозир шуда, оид ба ҳодисаи рухдода бо аломатҳои одамкушӣ аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, амалиётҳои таъхирнопазири тафтишотӣ-оперативӣ ҷиҳати ошкоркунии ҷиноят ва дастгир кардани ҷинояткорон ба роҳ монда шуд.
Ҳангоми ҷустуҷӯи ҷинояткорон бо ёрии сокинони ноҳия автомашинаи дар содиркунии ҷиноят истифодагардида дар деҳаи Торбулоқи ноҳияи Данғара дарёфт карда шуд. Баъдан ҷинояткор Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович дастгир карда шуд.
Ҷинояткори дигар – Юсупов Аслиддин Садриддинович бинобар сабаби нишон додани муқобилияти мусаллаҳона бо истифода аз табар ба баногӯши корманди мақомоти корҳои дохилӣ – муовини аввали сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД подполковники милитсия Назарзода Ҷумахон Маҳмадрасул зарба задан, безарар гардонида шуд. Дар натиҷа ба Назарзода Ҷ.М. зарари вазнин ба саломатӣ расонида шуд.
Дар иттилоияи расмии ВКД ҶТ омадааст, ки дар вақти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва автомашина далелҳои шайъӣ, ба монанди корд ва табари хунолуд, як телефони дастӣ, 2 борхалта, пойафзоли варзишӣ, 2 адад шиноснома ба номи Маҷидов Асомиддин ва Сафаров Зафар, зода ва сокинони ноҳияи Панҷ дарёфт ва гирифта шуданд.
Ҳангоми пурсиш дастгиршуда Абдусамадов Ҳ.А. тасдиқ кард, ки ӯ роҳбари гуруҳи муташаккили ҷиноятии мазкур мебошад. Аз нишондоди Абдусамадов Ҳ.А. бармеояд, ки номбурда дар солҳои 2014-2015 чор маротиба ба шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон рафта, таълими идеологӣ, ҳарбӣ-диверсионӣ гирифта, дар он ҷо бо аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, ҷинояткори дар ҷустӯҷӯ қарордошта Убайдов Носирхӯҷа Аҳтамович бо тахаллуси «Қорӣ-Носир» вохӯрӣ намуда, бо роҳи додани байъат ба Ҳизби экстремистии наҳзати Ислом шомил гардидааст.
Фармоишгари ҷиноят Убайдов Н.А., ки аз соли 1992 аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом мебошад, аз соли 2015 дар ҷустуҷӯи расмӣ ( бо моддаи 187 КҶ) қарор дорад.
Сипас Абдусамадов Ҳ.А. бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Убайдов Н.А. ҷинояти мазкурро бо бераҳмии махсус бо дигар шариконаш содир намуданд. Пас аз содир намудани ҷиноят онҳо мақсад доштанд, ки тавассути ноҳияи Панҷ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуда, ба гурӯҳҳои террористӣ пайваст шаванд.
Муайян гардид, ки бародари Абдусамадов Ҳ.А. Абдусамадов Бахтиёр Абдусамадович бо тахаллуси «Мулло Умар» аъзои ташкилоти террористии «Ҳаракати Исломии Туркистон» ба ҳисоб рафта, айни ҳол барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта адои ҷазои ҷиноятӣ дорад.
Ҳамватанони гиромӣ, имрӯз Ватани маҳбуби мо-Тоҷикистони азиз, ҳамчун як кишвари соҳибистиқлол, узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллаӣ дар арсаи ҷаҳон эътироф шуда, ҷиҳати таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушду нумуъи иқтисодию иҷтимоии худ ва беҳбудии рӯзгори мардум қадамҳои устувор мемонад. Табиист, ки ин дастовардҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию экстремистие, ки ҳадафи ягонаву асосияшон зери нишондодҳои хоҷагони хориҷии худ, ба ҳар роҳу восита ба сари қудрат омаданаст, қобили қабул нест ва онҳо талош менамоянд, нақшаҳои муғризонаи худро пайваста амалӣ созанд. Сад дареғ, ки дар интиҳо қурбони чунин амалҳои мудҳиш, аксаран ҷавонон мегарданд. Бо эътимоди комил метавон қайд намуд, ки имрӯз мақомоти қудратии Тоҷикистон иқтидори муқовимату мубориза бо чунин зуҳуроти нангинро дорад, аммо сухан дар бораи тақдиру қисмати ҷавонони гумроҳ меравад, ки оғуштаи хун дар айни нишоту сурури ҳаёташон ба доми фанди муғризон афтоданд. Қурбони ҳавою ҳаваси мулҳиди бегонагон гаштанд ва дунёро падруд гуфтанд. Роҳбари гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ Абдусамадов Ҳ.А. худ иқрор шудааст, ки ба Ҳизби экстремистии наҳзати Ислом пайвастааст ва аз паси худ чандин ҷавононро бо ваъдаҳои пуч гумроҳ карду ба оғуши марг ҳавола дод.
Ҷавонони бо нангу номуси миллат! Ҳар яки шумо ҳаққу масъулияти боло афрухтани парчами истиқлолу озодии Ватани маҳбуб-Тоҷикистони азизро доред. Зеро, фардо дар сарзаминамон фарзандони мову шумо зиндагӣ мекунанд, барои ояндаи авлоди худ, насли озоду соҳибмаърифати худ бояд аз имрӯз замина гузошт. Мову шумо набояд гузорем, ки хоинони миллат, ки барояшон ояндаи Ватану фарзандон ҳеҷ қадру манзалат надорад, ҳадафҳои нопоки худро дар сарзамини ободу осоиштаи мо ба амал бароранд.
Рӯшноиро аз зулмат, некро аз бад, дӯстро аз хоину душман ҷудо бояд кард! Аз иғвогарону дасисабозон ба мисли Ҳизби экстремистии наҳзати ислом ва пайравонаш эҳтиёт кунед!

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ