Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Чорабинии фарҳангӣ дар Санкт-Петербург

Чорабинии фарҳангӣ дар Санкт-Петербург

12 октябрь 2018, Пятница
776
0
Чорабинии фарҳангӣ дар Санкт-Петербург8-уми октябри соли 2018 дар шаҳри Санкт-Петербург дар доираи «Рузҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар рафти он меҳмонон аз ҳисоби аҳли фарҳанги Тоҷикистон бо шумораи 60 нафар ташриф оварда, сараввал аксу мусаввараҳои рассомони шинохта ба намоиш гузошта шуд ва баъдан давоми ду соат ба ҳозирин санъату расму анъанаҳои миллии тоҷиконаро нишон доданд.
Ба тамошои консерти мазкур тамоми намояндагони ниҳодҳои давлатии шаҳри Санкт-Петербург даъват шуда буданд. Ба ғайр аз ин, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ, донишҷуён ва дигар фаъолон ширкат намуданд.
Бояд қайд кард, ки аҳли фарҳанг зери роҳбарии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов ба кишвари иқомат ташриф оварда буданд. Дар барнома ҳофизони шинохта, ба монанди Давлатманд Холов, Тахмина Ниёзова, Кароматулло Муҳаммадрофеъ, Хуршед Ибрагимов, Александр Тагиров, Адҳам Холиқов ва дигарон баромад карда, табъи ҳозиринро хеле хурсанд намуданд. Маълум буд, ки сокинони шаҳри Санкт-Петербург аз баргузор шудани чунин чорабинии идона хеле хушҳол буда, онро дар сатҳи баланд пазируфтанд.
Умуман, маъракаи фарҳангӣ ҷиҳати мусбӣ баргузор ва анҷом ёфт, ки мунтазам доир шудани чунин чорабиниҳо ба мустаҳкам шудани дустии Тоҷикистону Россия нақши муҳим мебозад.
Чорабинии фарҳангӣ дар Санкт-Петербург



Чорабинии фарҳангӣ дар Санкт-Петербург

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ