Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Ҷасадҳои ҳамсар ва се кӯдаки оилаи тоҷик аз зери харобаҳо дар маҳалли фоҷеаи Магнитогорск дарёфт карда шуд

Ҷасадҳои ҳамсар ва се кӯдаки оилаи тоҷик аз зери харобаҳо дар маҳалли фоҷеаи Магнитогорск дарёфт карда шуд

03 январь 2019, Четверг
3 220
0
Ҷасадҳои ҳамсар ва се кӯдаки оилаи тоҷик аз зери харобаҳо дар маҳалли фоҷеаи Магнитогорск дарёфт карда шудТавре иттилоъ дода будем, ҷиҳати назорати рафти корҳои наҷотбахшӣ дар маҳалли фурӯравии қисмати бинои истиқоматӣ Консули генералии ҶТ дар шаҳри Екатеринбург Сафар Сафаров ва корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират аз 1 январи соли 2019 дар шаҳри Магнитогорск қарор доранд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар натиҷаи таркиш ва фуруравии қисме аз бинои истиқоматӣ, аъзои як оилаи тоҷик иборат аз 5 нафар, ки дар ин ҷо иқомат доштанд, зери харобаҳо монданд. Баъд аз чанд соати фоҷеа падари хонавода Шуҳрат Улфатови 26 сола аз зери харобаҳо бо ҷароҳатҳои вазнин дарёфт гардида, ба шуъбаи эҳъёгарии беморхонаи шаҳрӣ интиқол ёфта буд. Ҷасадҳои аъзои дигари оила ду рӯз идома ёфт. Шаби 3 январ аз ҷониби наҷотдиҳандагон ҷасадҳои ҳамсари Улфатов Ш-Раҷабмоҳ Исоеваи 24 сола, фарзандонашон Аҳмади 6 сола, Фотимаи 4 сола ва Саймуҳсиддини 3 сола аз зери харобаҳо бароварда шуданд. Айнизамон ҷасадҳо дар сардхонаи шаҳри Магнитогорск нигоҳ дошта мешаванд. Намояндагони расмии Тоҷикистон аз ҷониби наздикони фавтидагон аллакай гузаронида шудани муқаррароти шиносоии шахсияти онҳоро тасдиқ карданд. Айнизамон бо иштироки бевоситаи Консули генералӣ, корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР ва намояндагони қонунии шахсони фавтида ҷиҳати ҳар чи зудтар ба ватан равон кардани ҷасадҳо баррасӣ мешавад. Аз ҷониби намояндагиҳои расмии ҶТ ҳамаи кумакҳои лозима дар ин бобат расонида хоҳад шуд.
Падари хонавода- Улфатов Шуҳрат бошад барои идомаи табобат субҳи 3 январ ба шаҳри Челябинск равон карда шуд.
Ёдовар мешавем, субҳи 31 декабри соли 2018 дар натиҷаи таркиш ва фуруравии қисми бинои истиқоматии 10 ошиёна дар шаҳри Магнитогорск 10 ҳо нафар осеб дида, то индам фавти 36 нафар тасдиқ шудаст. Мувофиқи иттилои наҷотбахшон, эҳтимолияти зери харобаҳои мондани боз на камтар аз 6 нафари дигар вуҷуд дорад.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират дар робита ба фавти ҳамватанон ба наздикону пайвандони онҳо ҳамдардӣ ва тасаллияти амиқ изҳор медорад.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ