Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вохӯрӣ бо донишҷуён дар Санкт -Петербург

Вохӯрӣ бо донишҷуён дар Санкт -Петербург

04 февраль 2019, Понедельник
1 937
0
Вохӯрӣ бо донишҷуён дар Санкт -ПетербургДар доираи иҷрои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанони бурунмарзӣ дар манотиқи гуногуни кишвари иқомат силсилаи мулоқоту вохӯриҳоро бо ҳамватанон баргузор менамояд. Яке аз чунин вохӯриҳо 27 январи соли 2019 дар хонаи обдатии Маркази савдои “Садовая”-и шаҳри Санкт-Петербург бо гуруҳи калони донишҷуёни тоҷик баргузор гардид.
Ҳадафи асосии мулоқот ошноӣ бо вазъи будубош, ҷараёни таълим, бахусус пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремизтию террористӣ иборат буд.
Дар аввал Нуров Муҳаммад Холович ба сухан баромада, зикр намуд, ки донишчуёни точик бештар аз хама бояд ба омухтани илм машгул шуда, сохиби ихтисоси баланд шаванд, то ин ки дар дохилу беруни кишвари азизамон номбардори миллат гарданд. Дар баробари ин, ба варзиш машгул шуда, варзишгарони номи шаванд ва дар мусобикотхои байналмилали парчами ЧТ-ро баланд бардоранд. Ба амалхои чинояти даст назананд, ба гуруххои ифроти хамрох нагарданд. Дар вакти истифодаи интернет эхтиёт шуда, ба сайтхои ифроти, экстремисти ва террористи дохил нашаванд. Инчунин дар охир кайд кард, ки вакти худро ба корхои муфид сарфа кард ва аз холу ахволи волидайн низ бохабар шаванд, онхоро доимо пурсон шаванд ва ба суханону панди онхо гуш андозанд.
Сипас имоми хонаи ибодати Ниёзов Акбар аз моҳияти аслии дини мубини Ислом сухан ронда, кайд кард, ки мохияти динро чавонон бояд нагз донанд, думболи хар як мулло ва равия нашуда, танхо ба мазхаби Имом Абу Ханифа руй овардан даркор аст. Имрузхо баъзе чавонон аз гумрохи ва бесаводи вобастаи гуруххои ифроти шуда, окибат пушти панчара мешаванд ва минбаъд чунин холатхо бояд рух надихад, чунки донишчуён кишри босаводи чомеа мебошанд ва ояндаи кишвару давлати Точикистон ба шумор мераванд.
Баъдан корманди намояндаги баромад карда, дар бораи Паёми Чаноби Оли ба МО сухан намуд. Дар иловаи мавзуъ, мухокимаи мушкилоти чалбшавии чавонон ба харакатхои ифроти давом ёфта, кайд гардид, ки интернет дар шароити имруза фазои васеъ ва назоратнашаванда мебошад, ки дар баробари барномахои давлатию муфид, дигар чараёнхои экстремисти ва террористи фаъол мебошанд. Зумрае аз ин чараёнхо Ташкилоти экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ, “Гурухи 24”, “салафия”, “Хизб-ут-Тахрир” буда, барои чалби чавонон ба сафхои худ кушишхои зиёд мекунанд. ТЭТ ХНИ, ки холо пайравонаш дар Аврупою дигар кишвархои гарб карор доранд, аз максади нопоки худ нагашта, бо кумаки сармояи хоричи зидди Точикистон мубориза ба рох андохтаанд ва дар ин рох мехоханд бо роҳҳои фиреб чавононро раҳгум созанд. Бинобар ин, чавонон бояд хушёриро аз даст надиханд, фирефтаи дуругхои интернети нашуда, неку бадро аз хамдигар фарк намоянд, то ин, ки ояндаи худ, оилаи худ ва давлату миллатро дар хатар нагузоранд. Хамчунин таъкид карда шуд, ки вазифаи аввалиндарачаи донишчуён омухтани илму дониш мебошад.
Сипас ба мухокимаи саволу чавобхо гузашта, се нафар донишчуён барои мушкилоти чойдоштаи гузаштани тачрибаомузи дар корхонахои кишвари икомат изхори акида намуданд. Яъне, байни вазорати маорифи ЧТ ва вазорати маорифи ФР карордод барои гузаштани тачрибаомузи вучуд надорад ва мактабхои олии Россия агар хоханд, донишчуёни точикро барои тачрибаозмузи ба корхонахо равон мекунанд ва агар не, онхо дар кафедрахо тачрибаомузии худро рохандози мекунанд.
Вохӯрӣ бо донишҷуён дар Санкт -Петербург
Донишчуйи дигар бо номи Мирсаид, аъзои фаъоли диаспораи МОСТ кайд кард, ки рузхои чумъа ба омузиши варзиш ба хамватанон, донишчуён машгул хаст ва хафтае як маротиба бар ивази 100 рубли руси хохишмандон метавонанд ба у мурочиат намоянд. Дар ин раванд, Нуров Мухаммад кайд кард, ки омода хаст барои 10 нафар донишчуён, ки ба варзиш дар назди ин чавон машгул мешаванд, маблаг аз хисоби худаш сарф намояд. Хохишмандон метавонанд аз ин имконият истифода баранд.

Дар интиҳо корманди Намояндагӣ ба саволҳои снршумори донишҷӯён посухҳои қонеъкунанда дода, доир ба масъалаҳои

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ