Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Таҳкими самтҳои нави ҳамкорӣ: баррасии татбиқи созишномаҳо

Таҳкими самтҳои нави ҳамкорӣ: баррасии татбиқи созишномаҳо

17 июль 2020, Пятница
603
0
Таҳкими самтҳои нави ҳамкорӣ: баррасии татбиқи созишномаҳоЯке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин андешидани тадбирҳо ҷиҳати бо ҷойҳои муносиби корӣ таъмин намудани аҳолӣ ба шумор меравад. Бо ин мақсад тайи солҳои охир бо рушди тадриҷии вазъи иқтисодии кишвар, аз ҷумла ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва хидматрасонӣ дар манотиқи гуногуни мамлакат ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд. Бар замми ин, тавассути роҳандозии барномаву лоиҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағхои буҷетӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти мамлакат шахсони бекор ба курсҳои касбомӯзӣ, такмили тахассус ҷалб шуда, касбу ихтисосҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ омӯзонда мешаванд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки шахси бекор метавонад, натанҳо бо кор таъмин шавад, балки худиштиғол гардад ва ба дигарон низ ҷойҳои корӣ таъсис намояд. Мувофиқи омори расмӣ, танҳо дар давоми соли 2019 маҷмӯъан дар мамлакат 163 5676 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, дар давраи зикршуда, аз ҷониби сохторҳои марбутаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар саросари кишвар 76 374 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таъмини табақаи қобили меҳнати бо ҷойи кори муносиб дар хориҷи кишвар низ таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Дар ин росто бо як қатор мамолики дуру наздик созишномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ ва байнимақомотӣ ба тасвиб расидаанд, ки татбиқи босамари онҳо, аз як ҷиҳат ба коҳиш додани сатҳи бекорӣ мусоидат кунад, аз лиҳози дигар будубошу фаъолияти меҳнатии қонунии шаҳрвандонро берун аз ҷумҳурӣ кафолат медиҳад.
Бо дарназардошти он, ки қисми асосии муҳоҷирони меҳнатии мо ба сифати кишвари фаъолияти меҳнатӣ Федератсияи Россияро интихоб мекунанд, бо ин давлати дӯсту бародар як қатор созишномаҳо дар соҳаи муҳоҷират ба имзо расидааст, ки собитгари бебаҳси тадбирҳои ҳукумати мамлакат дар ҷодаи беҳдошти шароити будубош ва фаъолияти меҳнатии ҳамватанон дар ҳудуди ин кишвар маҳсуб меёбад.
Яке аз чунин санадҳо Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия ба шумор меравад, ки 18 апрели соли 2019 дар ҷараёни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия дар баробари дигар созишномаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ба имзо расида буд.
Зимни мулоқоти мустақими Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гулрӯ Ҷабборзода бо Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия Котяков Антон Олегович, ки 10 июли соли 2020 доир гардид, ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкориҳо дар доираи санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ки муқаррароти онҳо ба тақвияти ҳамкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва танзими масьалахои бозори меҳнат равона шудааст, баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба таъсиси Гурӯҳӣ коршиносони муштарак баҳри татбиқи босамари санадҳои ҳамкории амалкунанда ва ҳамзамон, таҳияи Нақшаи кории Тарафҳо барои солҳои 2021-2022 мубодилаи афкор карданд.
Дар рафти мулоқот мувофиқа ҳосил шуд, ки дар асоси созишномаи мазкур гурӯҳи корӣ, иборат аз масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия дархостҳои субъектҳои хоҷагидорӣ Федератсияи Россияро омӯхта, вобаста ба шумора ва касбу ихтисос хоҳишмандонро аз ҶТ дар корхонаҳои Россия ба таври муташаккил бо кор таъмин менамояд. Дар ин зимн тамоми меъёрҳои бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ, аз таҳияи санадҳои лозимаи будубош ва фаъолияти меҳнатӣ то шароити кору маишии кормандон, инчунин пардохти саривақтии музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ба инобат гирифта мешавад. Аз афзалиятҳои дигари ҷалби муташаккили муҳоҷирони меҳнатӣ дар онаст, ки ҳолатҳои таъхирёбӣ ёхуд пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирон аз байн бурда мешавад. Зеро, тавре аз таҳлилҳои муроҷиати муҳоҷирони меҳнатӣ ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират бар меояд, таъхирёбӣ ёки пардохт нагаштани музди меҳнат яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Дар рафти мулоқоти мустақим аз ҷониби вазир масъалаи мазкур низ баррасӣ гардид ва ҷонибҳо ҷиҳати мусбати он барои тақвияти ҳамкории сохторҳои марбутаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ФР, аз ҷумла имзои созишномаи ҳамкорӣ байни Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират ва Бозрасии давлатии федералӣ оид ба меҳнат (Роструд) ба мувофиқа расиданд.
Мавриди зикр аст, ки татбиқи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар баробари муҳоҷирати инфиродӣ сурат мегирад ва нафароне, ки дар асоси таҷрибаи пешин имкон доранд мустақилона дар субъектҳои хоҷагидори ФР ҷойи кор пайдо кунанд, фаъолияти меҳнатии худро мустақиман идома диҳанд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки барои бехдошти некӯаҳволии мардум равона гардидаанд, бо истифода аз зарфиятҳои мавҷуда пайваста тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ менамояд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ