Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Ҷамъияти минтақавии тоҷикони вилояти Новосибирск: Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик бебаҳост

Ҷамъияти минтақавии тоҷикони вилояти Новосибирск: Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик бебаҳост

28 октябрь 2013, Понедельник
1 691
0
Ҷамъияти минтақавии тоҷикони вилояти Новосибирск «Дӯстӣ» соли 2010 ташкил шуда, то ин ҷониб фаъолият дорад. Ҳадафи асосии таъсиси ҷамъияти мо, қабл аз ҳама муттаҳид намудани ҳамватанони бурунмарзӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад, ки дар вилояти Новосибирск муваққатан ва доимӣ кору иқомат доранд. Мо гарчанд дур аз Ватан ҳам бошем, пайваста дар ёди Тоҷикистони азиз ҳастем ва барои ободию шукуфоии ватани аҷдодиамон сайъю талош мекунем.
Ҷамъияти тоҷикони вилояти Новосибирск бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳангу тамаддунофари тоҷик дар маъракаҳои фарҳангию сиёсии вилоят фаъолона ширкат менамояд.
Дар ҳамкории зич бо сафорати ҶТ дар ФР, консулгарии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбурги вилояти Свердлов ва Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР дар минтақа тамоми ҷашну чорабинихои милливу давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Ҷашни истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Рӯзи ваҳдати миллӣ, Ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ, Иди модарон, Рӯзи парчами миллиро бо риояи суннатҳои миллии худ ҷашн мегирем. Ҳамчунин бо ташаббуси ҷамъияти мо дар вилояти Новосибирск фестивали фарҳанги миллии тоҷикӣ таҳти унвони «Сайри лола» роҳандозӣ шуд ва ҳамасола дар мавсими баҳорон ин ҷашн гузаронида мешавад. Бояд гуфт, ки баргузории фестивали «Сайри лола», чун инъикосгари фарҳанги оламшумули тоҷик, миёни дигар халқияту миллатҳои маскуни вилоят мавқеи хоса касб карда, дар ҷараёни он намояндагони роҳбарияти вилоят ва шаҳри Новосибирск ширкат менамоянд. Фестивали фарҳанги тоҷикии «Сайри лола» тавассути ВАО, аз ҷумла телевизионҳои вилоят ва Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон пахш карда мешавад.
Мо аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ҳамеша огоҳ ҳастем ва ҳамчун фарзандони содиқи Ватан дар таҳкиму рушди кишвар саҳмгузорем.
6 ноябри соли равон интихоботи Президенти ҶТ баргузор мегардад. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ бори дигар моро водор мекунад, ки бо иштироки фаъоли худ масъулияти шаҳрвандии хешро ифода намоем. Ман аз соли 2011 аъзои фаъоли ҲХДТ мебошам. Зимни мулоқоту вохӯрихо ҳамватанонро аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, сайъю талошҳои роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати рушду инкишофи Тоҷикистон пайваста огоҳ месозам.
Бо дарназардошти таҳлилу мушоҳидаҳои худ изҳор медорем, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба ҷонибдории номзади воқеан арзанда- Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз хоҳем дод. Зеро нақши Сарвари давлат дар таъмини сулҳу суботи Тоҷикистон, ҷамъовардани миллати парокандаву гуреза, эмин доштани давлати ҷавони тоҷик аз вартаи нестӣ беназир аст. Мо худ шоҳидем, бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон давлати ҷавони тоҷикро дар арсаи ҷаҳон эътирофу эҳтиром мекунанд. Бо кӯшишҳои Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, аз бумбасти коммуникатсионӣ баромад. Дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ низ корҳои азиме ба сомон расонида шуд. Бунёди НБО-хои хурду бузург, хатҳои интиқоли барқ ин ҳама кӯшишҳое мебошад, ки кишвари моро ба истиклолияти энергетикӣ хоҳад расонд.
Сарвари давлат аввалин шуда миёни сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо ҳамватанони бурунмарзӣ мулоқоту вохӯриҳо анҷом дода, пайваста аз ҳолу аҳволи эшон бохабар аст. Албатта чунин мулоқоту дидорбиниҳо моро рӯҳбаланд намуда, водор мекунад, ки барои хизмати Ватани маҳбубамон боз ҳам саъйи бештар намоем.
Ба наздики сафари Ҷаноби Олиро ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон, ба хусус водии Рашт тавассути телевизион тамошо кардем. Ман ба сифати сокини минтақаи деҳоти Тоҷикистон воқеан рӯҳбаланд шудам, зеро он сохтмонҳое, ки дар тайи 10 соли охир дар минтақаҳои кӯҳистони мамлакат амалӣ шудааст, кори азимест ва боиси таҳсин аст.
Ҷамъияти минтақавии тоҷикони вилояти Новосибирск дар интихоботи президентӣ фаъолона иштирок менамояд ва ба номзади арзандаи худ –Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳад.
Бо эҳтиром
Раиси Ҷамъияти минтақавии тоҷикони вилояти Новосибирск «Дӯстӣ» Абдуҷаборов Сияршо Зардакович.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ