Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Тамошои дастачамии паёми Президенти ЧТ ба МО дар сафорати Точикистон

Тамошои дастачамии паёми Президенти ЧТ ба МО дар сафорати Точикистон

20 январь 2016, Среда
4 498
0
Тамошои дастачамии паёми Президенти ЧТ ба МО дар сафорати Точикистон
20 январи соли 2016 кормандони Намояндагии Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии ЧТ дар ФР оид ба мухочират дар катори дигар намояндагихои расмии Точикистон дар сафорати Чумхурии Точикистон дар Федератсияи Россия дар тамошои дастачамии Паёми Президенти мамлакат ба Мачлисии Олии кишвар ширкат намуданд.
Зимни ироаи паём Пешвои миллат, Эмомали Рахмон самтхои асосии сиёсати дохили ва хоричии Чумхурии Точикистон барои соли чори ва солхои минбаъда муайян намуда, дар баробари дигар масъалахои мухим ба сохаи ичтимоии ахоли низ таваччухи хоса зохир кард. Бехдошти тадричии вазъи ичтимоии ахоли дар шароити мураккаби иктисоди сиёсии минтака ва чахон яке аз вазифахои мухимми хукумату давлат арзёби шуд. Кайд гардид, ки бо вучуди таъсири бухронхои сиёсию иктисодии чахон ва афзоиши фишори он ба иктисоди милли бо талошу кушиши мардуми шарафманд нишондихандахои асосии макроиксоди таъмин ва дар ин замина сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 31 фоиз паст гардид.
Пешвои миллат ба масъалаи шугли ахоли дахл намуда, аз чумла таъкид кард, ки дар соли 2015 дар доираи барномаҳои давлативу соҳавӣ беш аз 205 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Мувофики суханони Сарвари давлат танзими давлатии муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, касбомӯзӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ ба суботи иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири бевосита дорад.
- Амалӣ гардидани барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ имкон дод, ки дар 10 соли охир зиёда аз 1 миллион ҷойҳои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, танҳо тавассути мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 315 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гарданд, - изхор дошт Президенти мамлакат ва афзуд, ки 30 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Дар баробари ин, Пешвои миллат ба вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илмро дастур дод, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба омодагии касбии шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ раванди таълими касбиро ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ гардонанд.
Хамчунин Сардори давлат афзуд, ки бо дарназардошти вазъи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ва бо ҷойи кор таъмин кардани шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳо, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, инчунин соҳибкорон, масъулони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати таъсиси курсҳои таълими касбу ҳунар ва забономӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Баъд аз анчоми суханронии Президенти мамлакат Сафири ЧТ дар ФР Имомуддин Сатторов чихати тартиби накшаи чорабинихо вобаста ба ичрои бандхои дахлдори паёми Президенти кишвар машварат доир намуд.
Таъкид шуд, ки дар суханронии Пешвои миллат тахкими муносибатхои хамкори бо Федератсияи Россия, ба сифати шарики стратеги яке аз афзалиятхои сиёсати хоричии ЧТ арзёби шуд ва ин омил дар навбати худ масъулияти мо, намояндагихои расмиро дар рушду инкишофи муносибатхо дар кулли самтхо бештар менамояд.
Дар хошияи паёми Президенти мамлакат дар дафтари Намояндагии вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии ЧТ дар ФР оид ба мухочират низ мачлис баргузор шуд. Рохбари Намояндаги Зохир Мирзоев бандхои дахлдори паёмро шарх дода, изхор намуд, ки накшаи солонаи фаъолияти Намояндаги бо дарназардошти дастуру супоришхои Сардори давлат вобаста ба муносибатхои мехнати, бо истифода аз потенсиали дохиливу хоричи мусоидат намудан ба раванди бокортаъминкунии мухочирони мехнати ва омузиши онхо ба касбу ихтисосхои ба талаботи бозори мехнати кишвари кабулкунанда чавобгу ва химояи хукуку манфиатхои мухочирон тартиб дода мешавад.
- Дар асоси ин накша афзалияти бештар ба масъалаи бокортаъминкуни ва бозомузии мухочирон дода мешавад, - изхор дошт З.Мирзоев ва вобаста ба хусусияти фаъолият ба кормандони Намояндаги супоришхои мушаххас дод.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ