Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Дар бораи шартномаи меҳнатӣ чиро бояд донед?

Дар бораи шартномаи меҳнатӣ чиро бояд донед?

09 август 2016, Вторник
2 192
0
Дар бораи шартномаи меҳнатӣ чиро бояд донед?
Ҳамватанони гиромӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ! Таҷрибаи фаъолияти Намояндагӣ, аз ҷумла баррасии аризаҳои марбут ба нопардохти маоши муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҶТ дар Россия , нишон медиҳад, ки дар бисёр маврид набастани шартнома (қарордод)-ҳои меҳнатӣ бо корфармо боиси мушкилоти зиёд дар ҷараёни пардохти музди меҳнат мегардад. Ҳамзамон набастани шартномаи меҳнатӣ ҳангоми пайдо шудани баҳсҳои гуногун дар муносибатҳои байни корфармо ва коргар, аксаран ба зарари коргар аст. Зеро корфармо метавонад, бо сад баҳона, аз “сифати” корҳои иҷрошуда сар карда то мушкилоти молиявии корхона ва муҳлати иҷрои корҳо пардохти музди меҳнатро ба таъхир андозад ва ё пардохт накунад. Соддатар карда гӯем агар, корфармои бадниятро гӯё сифати кори шумо қонеъ намекунад, ё ки кор дар мӯҳлати муқарраршуда ба анҷом расонида нашуд ё маблағи пудрат аз ҷониби фармойишгар то ҳол ба суратҳисоб нагузаштааст. Хуллас, ин маъмултарин баҳонаҳои мебошанд, ки корфармоҳои бадният ба сифати “сабаб”-ҳои нопардохти музди меҳнат пеш меоранд.
Бояд гуфт, ки Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, гарчанд пайваста тариқи ВАО, варақаҳои иттилоотӣ ва бевосита зимни мулоқоту вохуриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ зарурати дар баробари дигар санадҳои марбут ба будубош ва фаъолияти меҳнатӣ бастани ҳатмии шартномаи меҳнатиро омили муҳим ва кафолати саривақтии пардохти музди меҳнат таъкид намояд ҳам, мутаассифона, шумораи муҳоҷирони меҳнатие, ки ба ин масъала диққати лозима намедиҳанд, кам нашудааст. Қариб, ки дар ҳамаи ҳолатҳои муроҷиати муҳоҷирони мо вобаста ба дархости мусоидат дар пардохти музди меҳнат шартномаи байни корфармо ва коргар баста нашудааст. Дар баъзе ҳолатҳо муҳоҷирони мо, натанҳо бе шартнома кор мекунанд, балки дар пешниҳоди ном ва суроғаи расмии корхона мушкили мекашанд. Одатан, дар чунин ҳолатҳо аризадиҳандаҳо танҳо аз номи шахси миёнарав ном мебаранд, ки дар рафти баррасии шикоят шахсияти онро муайян кардан хеле мушкил мебошад.
Дурустаст, ки аксар маврид худи корфармоён бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ бо коргари хориҷӣ шартнома намебанданд. Масалан, бархе кордиҳандаҳо аз пардохти андоз, бархе аз масъулияти қабули корманди хориҷӣ, ки талаботи муайяни барасмиятдарории санадҳо ва таваҷҷуҳи мақомотҳои дахлдорро тақозо мекунад, худдорӣ менамоянд. Аммо дар ҳама ҳолатҳо набудани санади тасдиқкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ, қабл аз ҳама кормандро осебпазир мекунанд. Бисёрии муҳоҷирон мегӯянд, ки онҳо муддати зиёд дар ин ё он корхона бе шартнома кор мекарданд ва пайваста музди меҳнаташонро саривақт мегирифтанд, аммо ин дафъа прораб иваз шуд ё роҳбари қитъаи нав омаду мо ба мушкилоти пардохти музди меҳнат рӯбарӯ гардидем. Ё инки дар як корхона ва ё ширкат як чанд бригадаи хориҷиён кор мекунанд, аз чӣ сабаб бошад, ки қисме аз бригадаҳо маош мегиранду, қисме маҳрум мемонад? Албатта, ҳамаи ин ҳолатҳои нопардохт сабабҳои худро доранд, аммо сарфи назар аз ин, дар ниҳояти кор надоштани шартнома манфиатҳои қонунии коргарро коҳиш медиҳад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки бастани шаротнома ҳатмист. Шояд корфармо бо ваъдаҳои зиёд муҳоҷирро мутмаъин созад, ки созишнома лозим нест, ӯ метавонад бе ин ҳуҷҷат низ саривақт маоши коргарашро пардохт намояд. Баъзе муҳоҷирон мегӯянд, ки агар аз корфармо бастани шартномаро талаб кунанд, он гоҳ корфармо онҳоро ба кор намегирад ва онҳо бекор мемонанд. Мумкин аст, як муддат бекор монед. Аммо худ қазоват кунед, ба хотири бекор намондан, чаро аз кушиши кори дигар дарёфт кардан, даст кашем?! Оё дурустаст, ки бар эвази кори дигар ҷустан, мо бояд дар корхонае, ки бо эҳтимолияти зиёд пардохти маоши моро зери шубҳа мегузорад, се-чор моҳ бо умеди рӯзи мабод кор кунему дар сурати нопардохт бо сад ҳайфу дареғ, боз ду –се моҳи дигар овораву машғули кашмокашӣ барои гирифтани дастмузди худ бошем?!
Шартномаи меҳнатӣ чист?
Аз лиҳози ҳуқуқӣ шартномаи меҳнатӣ ин қарордоди муносибатҳои субъектҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ оид ба барқарор, тагйир ва қатъи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҷонибҳо мебошад. Соддатар карда шарҳ диҳем, дар шартномаи меҳнатӣ мувофиқи кодекси меҳнати ФР тарафҳо ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро бо тамоми шарту шароит, ҳуқуқу ӯҳдадорӣ, реҷаи кору истироҳат, тартиб ва муҳлати пардохти маош, пардохтҳои иҷтимоӣ, хуллас ҳамаи он омилҳое, ки метавонад дар ҷараёни фаъолияти корӣ боиси баҳсу мунозира гардад, нишон дода мешавад.


Шартномаи меҳнатӣ миёни корфармо ва коргар ба муҳлати муайян, маъмулан ба як сол баста мешавад. Агар корфармо шахси ҳуқуқӣ, яъне роҳбари корхона, муассиса, ширкат ва ғ. бошад шартнома бо муҳри корхона ва имзои коргар тасдиқ мегардад. Мувофиқи қонунгузории амалкунандаи ФР қарордоди меҳнатӣ миёни шахсони воқеӣ низ, масалан барои иҷрои ин ё он намуди хизматрасонӣ, аз қабилӣ боғбонӣ, ронандагӣ, дастёрӣ, доягӣ, сохтмон ё таъмири хона, бӯстонсаро ва ғайра баста мешавад. Дар ин маврид корфармо ва коргар метавонад қарордоди меҳнатиро бо имзогузории тарафҳо ба расмият дароранд. Ин санад низ дар сурати зарурат, дар баҳсҳои эҳтимолӣ ба сифати ҳуҷҷати асосӣ ҳуқуқҳои шуморо ҳимоят кунад.
Зарурати дигари бастани шартнома бо корфармо дар онаст, ки агар шумо муҳлати патентро боз ба соли дигар бидуни убури сарҳад тамдид кардани бошед, яке аз шартҳои асосие, ки мақомоти масъул аз шумо талаб мекунад, ин шартномаи меҳнатӣ бо корфармо мебошад.
Агар дар сурати бо сабабҳои мухталиф корфармо бо шумо қарордоди меҳнатӣ набасту шуморо муътақид кард, ки новобаста аз набудани шартнома музди меҳнат саривақт пардохт мешавад ва шумо аллакай ба кор шурӯъ кардед, он гоҳ ба хотири пешгирӣ намудани баҳсҳои марбут ба мушкилоти таъхир ва ё нопардохти музди меҳнат, бояд далелҳои фаъолҳои нишондиҳандаи фаъолияти меҳнатиятонро ҷамъоварӣ намоед. Масалан, агар дар муассиса, корхона, ширкати сохтмонӣ ва ё истеҳсолӣ кор кунед, ҳатман нусхаи табели иҷрои корҳо, иҷозатномаи вуруд ба корхона (пропуск), ҳамчунин ҷараёни фаъолияти кориятонро (бо либосҳои корӣ) дар телефон аксбардорӣ намоед.
Ин маводҳо дар зарурат ба сифати далелҳои фаъолияти шумо дар баҳсҳои эҳтимолӣ истифода хоҳанд шуд.
Аз ин лиҳоз, ба ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ зарураст, ки қабл аз ба кор даромадан, дар баробари қайди муҳоҷирати ва патент, шартномаи меҳнатӣ низ ба расмият дароварем, то ки аз ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳимоят карда тавонем!

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ