Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни Истиқлолият дар ФР

Чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни Истиқлолият дар ФР

30 август 2018, Четверг
1 934
0
Чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни Истиқлолият дар ФРБа муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират нақшаи чорабиниҳоро таҳия намудааст, ки дар асоси он шурӯъ аз 21 август дар манотиқи гуногуни ФР силсилаи мулоқоту вохуриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор мегарданд.
Мувофиқи нақшаи мазкур дар Ҳавзаи марказии федеролй, аз ҷумла дар шаҳри Москва ва вилоятҳои Москва, Владимир, Твер, Иваново ва Тула дар марказҳои тиҷоратӣ, майдонҳои сохтмонӣ ва ташкилоту муассисаҳое, ки ҳамватанони мо кору фаъолият менамоянд, мулоқоту вохуриҳо гузаронида мешаванд. Дар рафти вохуриҳо, асосан маълумот оид ба моҳияти истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, саҳми Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон ва навгониҳои қонунгузории федералӣ оид ба муҳоҷират дода мешавад.








Чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни Истиқлолият дар ФР
Инчунин барои хотирмону ҷолиб истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатӣ Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати ҶТ, консулгариҳо ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанони бурунмарзӣ бахшида ба ин санаи муборак чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор менамояд. Аз ҷумла, санаи 18 август дар шаҳри Санкт-Петербург мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба гуштингирӣ доир карда шуд.
Дар ин сабқат, ки ба Ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шуда, дар доираи Стратегияи милли муқовимат ба зидди экстремизм сурат гирифт, беҳтарин паҳлавонҳо аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва манотиқи гуногуни Россия иштирок кардаанд.





Чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни Истиқлолият дар ФРДар доираи чорабиниҳо ба муносибати солгарди истиқлолият, ҳамчунин дар шаҳрҳои Екатеринбург, Қазон, Новосибирск, Сочи, Хабаровск, Калиниград, Архангелск аз ҷониби Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо консулгариҳои генералии ҶТ ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанон мулоқоту вохурӣ ва ҷамъомадҳои маърифатӣ-фарҳангӣ бо ширкати фаъолони диаспораҳо ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик гузаронида мешаванд.
Дар асоси даъвати ташкилотҳои ҷамъиятии ҳамватанон кормандони Намояндагӣ ба минтақаҳои гуногуни Россия ба сафари хидматӣ сафарбар гардида, дар чорабиниҳои мазкур иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард. Чорабинии марказӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Сафорати ҶТ дар ФР ва дигар намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар яке аз толорҳои муҳташами шаҳри Москва бо ширкати меҳмонони воломақом, намояндагиҳои расмии кишварҳои хориҷӣ ва ҳамватанони фаъол, ки таъриху тамаддун, илму фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ ва тарғиб намуда, обуруву нуфузи онро дар кишвари иқомат боло мебардоранд, санаи 12 сентябр доир мегардад.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ