Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мусобиқаи гуштин ба ифтихори Истиқлолият дар Санкт-Петербург

Мусобиқаи гуштин ба ифтихори Истиқлолият дар Санкт-Петербург

06 сентябрь 2019, Пятница
1 664
0
Мусобиқаи гуштин ба ифтихори Истиқлолият дар Санкт-ПетербургБа истиқболи сазовори Ҷашни навбатии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манотиқи гуногуни Федератсияи Россия бо ташаббуси намояндагиҳои расмии Тоҷикистон ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанон чорабиниҳои мухталифи фарҳангию варзишӣ ташкил ва гузаронида мешаванд. Дар доираи чунин ташаббусҳо аввали моҳи сентябр дар шаҳри Санкт-Петербург ба муносибати ин санаи фархун аз ҷониби гурӯҳи ҳамватанон мусобиқоти гуштини миллӣ гузаронида шуд. Дар сабқатҳо беҳтарин паҳлавонони Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Россия бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар чорабинӣ намояндагони консулгарии генералии ҶТ, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират, маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург, муфтии Ҳавзаи федеролии шимолу ғарбӣ, фаъолони диаспораҳои миллии муқими минтақа ва муҳоҷирони меҳнатӣ ширкат дошта, ҳозиринро бо муносибати солгарди истиқлол табрик намуданд. Дар баромадҳои худ намояндагони расмии кишвар оид ба аҳамияти мустақилияти давлатӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар сухан карданд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои ҷашнӣ ба истифода додани чархаи дуюми НБО-Роғун, ки бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми меҳнатқарини тоҷик амалӣ мегардад, қадами устувор дар самти расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ-истиқлолияти энергетикии мамлакат арзёбӣ шуд.
Бояд гуфт, ки чорабинӣ таҳти шиори “Варзиш зидди терроризму экстремизм” сурат гирифт, ки ҳадафи он тавассути баргузории ин гуна тадбирҳо ба таваҷҷуҳи омма, бахусус ҷавонон, расонидани пайомадҳои нохуши пайравӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро мебошад. Чунки тарғибгарони ҳизбу равияҳои экстремистӣ зери шиорҳои динию мазҳабӣ баромад намуда, бо амалҳое нопоки худ, натанҳо дини мубини ислом бадном мекунанд, балки ба ин васила бар пояҳои давлатдории миллӣ ва рушду инкишофи кишвар, арзишҳои умумиинсонӣ латма мезананд. Бино бар ин таъкид гардид, ки ба ҳеч ваҷҳ ба ваъдаҳои бардурӯғу даъватҳои беасоси тарғибгарони чунин равияҳо дода нашаванд ва дар таҳкими дӯстию рафоқат ва якдигарфаҳмии байни намояндагони адёну халқияту миллатҳо саҳмгузор бошанд.
Мавриди зкир аст, ки ба истиқболи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират мувофиқи нақшаи чорабиниҳои худ дар манотиқи гуногуни ФР силсилаи мулоқоту вохуриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор менамояд.
Мусобиқаи гуштин ба ифтихори Истиқлолият дар Санкт-Петербург
Бояд гуфт, дар радифи мулоқоту вохӯриҳо барои хотирмону ҷолиб истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатӣ Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати ҶТ, консулгариҳо ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанони бурунмарзӣ бахшида ба ин санаи муборак чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ дар дигар манотиқи Россия низ гузаронида мешаванд.
Чорабинии марказӣ бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11 сентябр бо ибтикори Сафорати ҶТ дар ФР ва дигар намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар яке аз толорҳои муҳташами шаҳри Москва бо ширкати меҳмонони воломақом, намояндагиҳои расмии кишварҳои хориҷӣ ва ҳамватанони фаъол, ки таъриху тамаддун, илму фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ ва тарғиб намуда, обуруву нуфузи онро дар кишвари иқомат боло мебардоранд, доир мегардад.
Баргузории чунин чорабиниҳои идона ба муносибати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар иду ҷашнҳои давлатию миллиамон дар кишвари иқомат дар самти тарғибу ташвиқи фарҳангу тамаддуни оламшумул, муаррифии кишвари ҷавони мо ва таҳкиму густариши равобити дустона ба дигар халқияту миллатҳо мусоидат хоҳад кард.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ