Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Аёдати кормандони Намояндаги аз ахволи осебдидагони мунокишаи Хованское

Аёдати кормандони Намояндаги аз ахволи осебдидагони мунокишаи Хованское

19 май 2016, Четверг
1 768
0
Аёдати кормандони Намояндаги аз ахволи осебдидагони мунокишаи Хованское 16 майи соли 2016 кормандони Намояндагии Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии ЧТ дар ФР оид ба мухочират чихати чихати шиносой бо вазъи саломатии шахрвандони Точикистон, ки дар натичаи мунокишаи кабристони Хованское чарохат бардоштанд, ба як катор беморхонахои шахри Москва омаданд.
Тавре каблан иттилоъ дода будем, дар натичаи хамлаи гурухи мусаллах бештар аз 10 нафар шахрвандони точик, ки дар кабристони Хованское кору фаъолият доштанд, чарохати гуногун бардошта, ба беморхонахои клиникии шахри Москва интикол ёфтанд.
Дар бемористони клиникии №71 айнизамон 3 шахрванди точик, Юнусов Мирзохуча Кабирович, зодаи ш. Рогун 20.04.1969 с.т., Донаеров Эмомали Суннатуллоевич, зодаи ш.Рогун 12.09.1993 с.т., ва Бахриддин Сайдахмадов, зодаи н.Хисор,03.01.1981 с.т. бистари мебошанд.
Хамаи номбаршудагон дар мунокишаи мазкур аз силохи оташфишон чарохат бардошта, 14 май ба беморхона оварда шуда буданд. Аз чониби духтурон худи хамон руз амалиёти чаррохи гузаронида шуд. Айнизамон вазъи саломатии онхо хубаст.
Бояд гуфт, ки кормандони Намояндаги аз рузи ба беморхона бистари шудани шахрвандони осебдида ба аёдати онхо омада буданд ва дар мавриди зарурат изхори расондани кумак карданд.
Вазъи саломатии Кароматулло Ғафуров, ки дар беморхонаи клиникии №31 ҷарроҳӣ шуда, вазнин арзёбӣ мешуд, имруз санаи 19 май бехтар гардида, баъди нисфирузи аз шуъбаи эхъёгари ба шуъбаи умуми гузаронида шуд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ