Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Ба муҳоҷири меҳнатӣ маоши таъхирафтодаашро баргардонданд

Ба муҳоҷири меҳнатӣ маоши таъхирафтодаашро баргардонданд

03 январь 2014, Пятница
1 666
0
Ба муҳоҷири меҳнатӣ маоши таъхирафтодаашро баргардонданд
1январи соли 2014 бо мусоидати Намояндагии Хадамоти мухоҷират музди меҳнати таъхирафтодаи муҳоҷири меҳнатӣ Набиев Сангинмурод Шодиевич 21.02.1983 с.т., зодаи деҳаи Тагобаи ноҳияи Рашт ба маблағи 320 ҳазор рубли русӣ баргардонида шуд.
Бо дархости кӯмак дар ҳалли мушкили нопардохти дастмуздаш муҳочири тоҷик як моҳ қабл муроҷиат карда буд. Дар аризаи С.Набиев гуфта мешуд, ки соли гузашта ӯ дар асоси шартномаи шифоӣ бо сокини ш.Новосибирск Галина Королева хона бунёд мекард. Ҳаҷми корҳои сохтмони бо ризоияти тарафҳо ба 420 ҳазор рубли русӣ муқаррар карда шуд.
Корҳои сохтмони аз 20 майи 2013 шурӯъ шуда, 30 октябр анҷом ёфтанд. Дар ин муддат хонум Г.Королева танҳо 100 ҳазор аз маблағи таъйиншударо пардохт карду халос. Боқимондаро ваъда дод, ки пас аз анҷоми корҳо медиҳад. Аммо ваъдаи пардохт ду моҳ ба таъхир афтод. Корфармо бо ҳар баҳона мӯҳлати додани дастмузди муҳоҷири тоҷикро ба баъд мепартофт.
Аммо танҳо баъд аз дахолати корманди Намояндагӣ ва сӯҳбатҳои чандинкарата боис шуд, ки хонум Королева ба сохтмончии тоҷик музди меҳнаташро баргардонад.
Котиби матбуоти
Намояндагӣ

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ