Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Кӯмаки ҳамватанони бурунмарзӣ ба зарардидагони офати табии шаҳри Кӯлоб

Кӯмаки ҳамватанони бурунмарзӣ ба зарардидагони офати табии шаҳри Кӯлоб

04 август 2021, Среда
384
0
Кӯмаки ҳамватанони бурунмарзӣ ба зарардидагони офати табии шаҳри Кӯлоб

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар ҳамкории бо ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикони вилояти Новгород “Шуро” ва дастгирии соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзӣ барои мардуми зарардидааи офати табии шаҳри Кӯлоб 20 тонна сементи аълосифат кӯмак намуданд.
Кӯмак ба зарардидагони офати табии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзии вилояти Новгороди Федератсияи Россия дар заминаи сиёсати оқилона ва ҷонибдорӣ аз ташаббусу иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ин амали хайрро ҳамватанони бурунмарзӣ барои дастгирии зарардидагони офати таббиӣ ҳамчун кӯмаки башардӯстона ирсол намуданд.
Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикони вилояти Новгород “Шуро” Ғафуров Довуд Аҳрорович зимни боздид аз минтақаҳои зарардидаи офати табиии шаҳри Кӯлоб ва суҳбат бо сокинони зарардидаи офати табиӣ иброз намуд, ки ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамеша дар пайи мусоидати мушкилоти сокинони кишвар буданд ва дар ин лаҳзаҳои мушкил кӯмак намудан ба якдигар рисолати ҷавонмардии ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Кӯмаки расонидашуда ба зарардидагони офати табии шаҳри Кӯлоб 24750 сомониро ташкил дода, дар назар аст, ки ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ