Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Таъзия

Таъзия

28 сентябрь 2021, Вторник
484
0
Таъзия

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират вобаста ба марги нобаҳангоми роҳбари Ҷамъияти минтақавии тоҷикони шаҳри Дзержинскии вилояти Нижний Новгород «Умед» Мирзоев Мутрибшоҳ Юсуфшоевич изҳори ҳамдардӣ менамояд.
Мавриди зикр аст, ки мавсуф дар хориҷи кишвар ҷиҳати муаррифӣ ва дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ саҳми арзанда гузошта, пайваста вобаста ба ҳаллли мушкилоти ҳамватанонамон дар хориҷи кишвар мусоидат менамуд.
Намояндагӣ ба аҳли пайвандону наздикон ва фарзандони марҳум сабри ҷамил ва ҳамдардӣ баён менамояд.
Боиси таассуф аст, ки чанде қабл роҳбари Ташкилоти љамъиятии тоҷикони шаҳри Химкии вилояти Москва Ҳомидов Тошмурод Иброҳимович аз бемории саротон низ дар Ватан реҳлат намуда буд.
Ёдовар бояд шуд, ки Ҳомидов Тошмурод Иброҳимович барои мусоидати мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, бартараф намудани камбудии онҳо, дастгирии донишҷӯёни тоҷик зимни фаъолияти корӣ пайваста талош намуда, ҷиҳати муаррифии таъриху фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои миллати тоҷик дар хориҷи кишвар нақши арзанда доранд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба пайвандону наздикони Ҳомидов Тошмурод Иброҳимович ҳамдардии амиқ изҳор менамояд.

Читайте также:

Таъзия
05 август 2021, Четверг
Таъзия
Таъзия
05 август 2021, Четверг
Таъзия

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ