Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Аз Помир то Байкал – минтақаи сулҳу дӯстӣ

Аз Помир то Байкал – минтақаи сулҳу дӯстӣ

28 сентябрь 2021, Вторник
482
0
Аз Помир то Байкал – минтақаи сулҳу дӯстӣ

Бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Иркутски Федератсияи Россия Фестивал намоишгоҳи «Пули дӯстӣ» таҳти унвони «Аз Помир то Байкал – минтақаи сулҳу дӯстӣ» баргузор гардид.
Дар фестивали мазкур намояндагони беш аз 30 кишвари дунё иштирок намуда, намоиши дастовардҳои миллии худро ба намоиш гузоштанд.
Иқдоми мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии миллӣ -фарҳангии тоҷикони шаҳри Иркутск роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур муаррифии фарҳанг, таърих ва осори пурғановати миллати тоҷик, дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад.
Аз Помир то Байкал – минтақаи сулҳу дӯстӣ
Дар чорабинии мазкур, намояндагони мақомотҳои марбутаи шаҳри Иркутск, азҷумла намояндаи ҳукумати вилоят, вазорати маориф ва илм, фарҳанг, ҷавонон, роҳбарони муассисаҳои олии шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангии халқҳои гуногуни Федератсияи Россия ва тоҷикони муқимӣ, донишҷӯёни тоҷики муҳасили муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбии шаҳри Иркутск иштирок намуданд. Дар баробари ин, меҳмонони даъватшуда, сокинони маҳаллӣ ва халқиятҳои гуногуни шаҳри Иркутск иштирок ва аз намоишгоҳ дидан намуданд.
Барномаи фарҳангии давлатҳои иштирокчӣ бо намоиши беҳтарин саруду таронаҳо ва рақсҳои дилнишин хотири иштирокчиёни фестивалро шод гардонид.

Аз Помир то Байкал – минтақаи сулҳу дӯстӣ

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ