Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Барои пайдо намудани шахсони бедаракшуда дар Федератсияи Россия чӣ бояд кард?

Барои пайдо намудани шахсони бедаракшуда дар Федератсияи Россия чӣ бояд кард?

27 октябрь 2021, Среда
502
0
Барои пайдо намудани шахсони бедаракшуда дар Федератсияи Россия чӣ бояд кард?

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мерасонад, ки дар ҳолати ҳодисаҳои нохуш фавран бояд ба мақомоти марбутаи Федератсияи Россия ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Агар аъзои оила ва пайвандону наздикони муҳоҷири меҳнатӣ, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд, бедарак гарданд, зарур аст, ки пайвандону наздикони онҳо фавран ба шуъбаи минтақавии полиси маҳалли иқомати худ муроҷиат намоянд.
Лозим аст, ки муроҷиаткунанда бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти бедаракшуда, маълумоти мухтасар дар бораи ҷоийи зист, ҷойи кор, наздикону пайвандон, ҳамкорон, дӯстон ва маълумот дар бораи симои зоҳириву охирон маълумот дар бораи шахси бедаракшуда, рақами мобилӣ ва расми рангаи онро бо худ дошта бошад.
Ҳамзамон, зарур аст, ки агар бедаркашуда шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, пайвандон ва хешу ақрабои гумшуда бояд ба Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02, +7 (495) 691-89-98, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират +7 (495) 9679844, prmstj@mail.ru барои мусоидат ва саривақт пайдо намудан муроҷиат намоянд.
Ҳамчунин, агар маҳалли бедаракшавии шаҳрванд дар минтақаҳои Федератсияи Россия бошад, вобаста ба макони ҷойгиршавии худ шаҳрвандон метавонанд ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург дар суроғаи ш.Санкт-Петербург, кӯчаи Советская 2, хонаи 27/2, +7(812)490-47-46, +7(812)490-47-50, tajgencons.piter@mfa.tj, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа, +7(347)2765296, +7(347)2765296, tajconsufa@mfa.tj, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург +7(+343)3702360, (+343)3702362, tajconsek@mfa.tj, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск суроғаи шаҳри Новосибирск, ул.Дзержинский 20, +73833495970, tajgencons.nsk@mfa.tj метавонанд муроҷиат намоянд.
Дар баробари ин, дар Федератсияи Россия ташкилотҳои волонтёрӣ барои пайдо намудани шаҳрвандони бедаракшуда кӯмак менамоянд, ки наздикони бедаракшуда метавонанд вобаста ба ҷойи истиқомат ба ташкилотҳои мазкур (дар суроғаи https://мвд.рф/upload/site1/folder_subdivision/000/785/999/) муроҷиат намоянд.
Илова бар ин, дар ҳолатҳои пайдо гардидани маълумоти иловагӣ оид ба шахси бедаракшуда ва пайдо гардидани он дар ҷойи истиқомат ва ё макони муайяни пайвандон ва наздикон муроҷиаткунанда вазифадор аст, ки мақомотҳои марбутаро барои пайдо шудани шахси бедаркшуда огоҳ намояд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия медиҳад, ки ҳангоми ба ҷойи кор рафтан ва ё дар ҳолатҳои берун аз корӣ ҳатман бо худ доштани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома) ва иҷозатномаи фаъолияти меҳнатиро (патент) дошта бошед.




Читайте также:

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ