ДАР АРАФАИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ШАҲНОЗА НОДИРӢ БО ЧЕРНЕЙКО ДМИТРИЙ МУЛОҚОТ НАМУД

Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯзи аҷам ва баргузории VI –умин форуми байналмилалии меҳнат дар шаҳри Санкт - Петербур мулоқоти муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар бо раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Санкт – Петербург Чернейко Дмитрий Семёнович баргузор гардид.
Ҳамзамон, дар мулоқоти мазкур Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт – Петербург Ҳомидҷони Назрӣ, роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Мирзозода Зоҳир Тоҳир, раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Санкт – Петербург Чернейко Дмитрий Семёнович, роҳбари “Маркази захираҳои меҳнатӣ” дар назди Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ Чистяков Алексей Игоревич, намояндаи Кумитаи муносибаҳои хориҷии ҳукумати Санкт – Петербург Руденко Юлия Константановна иштирок намуданд.
Зимни баргузории мулоқот танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, тартиби хуччатгузорӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, саривақт пардохт намудани музди меҳнати онҳо, кафолатҳои ҳуқуқии онҳо дар раванди фаъолияти меҳнатӣ, пардохти саривақтии музди меҳнати онҳо, муташаккилона сафарбар намудани қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, мусоидат ба ҳаллии мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ баррасӣ гардид.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо бо роҳбари Шӯрои ҷамъиятӣ, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ҳамвтанони бурунмарзӣ ва ҷавонону донишҷӯёни фаъоли тоҷик вохӯрӣ доир ба масъалаҳои зикршударо барпо намуданд.
Вобаста ба масъалаҳои мазкур муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт – Петербург, роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Мирзозода Зоҳир Тоҳир, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии “Аҷам” Усмонов Мурод Абдуллоевич, “Халқҳои Помир” Зоолшоев З., “Занҳои ҷаҳон” Ҳасанова Гулинор Хайбуллоевна, “МОСТ” Мамадов Парвиз Илҳомович, роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозӣ Бердов Фарҳод Худойбердиевич баромад намуда, вобаста ба мушкилоти соҳа ва таклифу пешниҳодҳои худро баён намуданд.
Масъулини мақомотҳои дахлдори шаҳри Санкт – Петербург пас аз баррасии масъалаҳои мазкур новобаста аз ноустувории иқтисодӣ дар ҷаҳон иброз доштанд, ки ҳамкориро бо Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон тақвият дода, баҳри таъмини ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Санкт – Петербург тадбирҳои саривқтӣ меандешанд.
Ҳамчунин, масъалаи ҷалби муташаккилонаи қувваи кориро барои корҳои доимӣ ва мавсимӣ дар минтақаи мазкур муҳим арзёбӣ намуда, дар ин самт мусоидати ҷониби Тоҷикистонро муҳим тақозо намуданд.
Инчунин, зикр гардид, ки дар наздиктарин фурсат мулоқоти роҳбарияти Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Санкт – Петербург бо ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон баргузор карда шуда, нақшаи минбаъдаи фаъолият ҷиҳати бартараф кардани камбудӣ ва мушкилотҳои ҷойдошта амалӣ карда шавад.
Дар охир, аз номи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангии тоҷикон, ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикони муқимӣ ва ҳозиринро табрик намуда, як қатор роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуда, ба ҳайати меҳмонон, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.