Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » НОДИРӢ ШАҲНОЗА БО ДЕМИДЕНКО ДМИТРИЙ МАСЪАЛАҲОИ МУҲОҶИРАТИРО БАРРАСӢ НАМУД

НОДИРӢ ШАҲНОЗА БО ДЕМИДЕНКО ДМИТРИЙ МАСЪАЛАҲОИ МУҲОҶИРАТИРО БАРРАСӢ НАМУД

17 март 2022, Четверг
561
0
НОДИРӢ ШАҲНОЗА БО ДЕМИДЕНКО ДМИТРИЙ МАСЪАЛАҲОИ МУҲОҶИРАТИРО БАРРАСӢ НАМУД
Нимаи дуюми имрӯз, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия бо муовини сардори Сарраёсати кор бо муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерал майёори милитсия Демиденко Дмитрий Павлович мулоқот намуд.
Дар мулоқоти мазкур, ҳамзамон роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Мирзозода Зоҳир Тоҳир ва сардори Раёсати кор бо муҳоҷиратии шаҳри Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград, полковники милитсия Колесников Андрей Анатолевич низ ҳузур дошт.
НОДИРӢ ШАҲНОЗА БО ДЕМИДЕНКО ДМИТРИЙ МАСЪАЛАҲОИ МУҲОҶИРАТИРО БАРРАСӢ НАМУД
Нахуст, ҷонибҳо аз доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории мулоқоту вохӯриҳои дуҷонибаро дар сатҳҳои гуногун барои беҳтар гардидани робитаҳои ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
НОДИРӢ ШАҲНОЗА БО ДЕМИДЕНКО ДМИТРИЙ МАСЪАЛАҲОИ МУҲОҶИРАТИРО БАРРАСӢ НАМУД
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳо дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини ҳифзу ҳуқуқи онҳо, мусоидат ба ҳалли мушкилот дар раванди фаъолияти меҳнатӣ, ваъзи ҳуқуқии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо, баргузории чорабиниҳои муштарак ва дигар масъалаҳои муҳоҷиратӣ дар Федератсияи Россия мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба ваъзи ҳуқуқии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо дар ин самт тадбирҳои наву зарурӣ андешида мешавад.
Мулоқот дар доираи ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ