Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ОПЛАТА ТРУДА МИГРАНТОВ: ТРУДОВОЙ ДОГОВОР ЮРИДИЧЕСКАЯ ГАРАНТИЯ

ОПЛАТА ТРУДА МИГРАНТОВ: ТРУДОВОЙ ДОГОВОР ЮРИДИЧЕСКАЯ ГАРАНТИЯ

14 апрель 2022, Четверг
476
0
 ОПЛАТА ТРУДА МИГРАНТОВ: ТРУДОВОЙ ДОГОВОР ЮРИДИЧЕСКАЯ ГАРАНТИЯ
Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции сообщает, что группа трудовых мигрантов обратилась в представительство по поводу невыплаты заработной платы работодателем.
В ходе рассмотрения обращения выяснилось, что в нарушение трудового законодателӣства РФ строительной компанией не выплачена 5-месячная заработная плата гражданину Республики Таджикистан А.С.З., общая сумма которой составляет 327 800,00 рублей.
Также не выплачена двухмесячная зарплата гражданину Н.Х.С. (175 000,00 рублей), гражданину Г.С. (40 000,00 руб). и гражданину Ж. С. Р. в сумме 100 000,00 руб., несмотря на выполнение требований работодателя.
После получения данных обращений, в целях обеспечения правовых гарантий граждан Республики Таджикистан в области гарантий охраны труда, Представительство связалось с работодателями – руководителями строительных компаний и обсудили вопрос выплаты заработной платы трудовым мигрантам, выполнения трудовых обязательств сторон в соответствии с действующим законодательством Российской Федерации и двусторонними договорами, заключенными между Республикой Таджикистан и Российской Федерацией.
В итоге работодателями выплачены трудовым мигрантам 642 800,00 рублей заработной платы.
Следует отметить, что только в первом квартале 2022 года в Представительство обратились 49 трудовых мигрантов - граждан Республики Таджикистан в связи с невыплатой заработной платы хозяйствующими субъектами Российской Федерации.
Представительство рекомендует гражданам Республики Таджикистан - трудовым мигрантам в обязательном порядке заключать трудовой договор с работодателем до начала трудовой деятельности. Также в обязательном порядке трудовой мигрант должен уведомить МВД о своем трудоустройстве к физическому или юридическому лицу в течение 2 месяцев со дня получения патента на работу, отправив копию трудового договора. Эта мера также даёт возможность трудовому мигранту продлить срок патента на трудовую деятельность в России без пересечения государственной границы.

ПАРДОХТИ МУЗДИ МЕҲНАТИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ: ШАРТНОМАИ МЕҲНАТӢ КАФОЛАТИ ҲУҚУҚӢ

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки гуруҳи муҳоҷирони меҳнатӣ барои пардохт нагардидани музди меҳнаташ аз ҷониби корфармо ба дафтари Намояндагӣ муроҷиат намуданд.
Зимни муроҷиат маълум гардид, ки маблағи музди меҳнати 5 моҳаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон А.С.З., аз ҷониби ширкати сохтмонӣ пардохт нагардида, маблағи нопардохти музди меҳнат 327800 рублро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, музди меҳнати думоҳаи пардохтногардидаи Н.Ҳ.С. 175 000 рублро ташкил дода, аз шаҳрванд Ғ.С. 40 000 рубл ва шаҳрванд Ҷ.С.Р беш аз 100000 рубл музди меҳнаташон бо вуҷуди иҷрои талаботҳои корфармо пардохт карда нашудааст.
Пас аз ворид гардидани муроҷиатҳои мазкур масъулини Намояндагӣ бо мақсади таъмини кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти кафолатҳои ҳифзи меҳнатӣ бо корфармо - роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ дар тамос гардида, масъалаи пардохти музди меҳнати муроҷиаткунандагонро баррасӣ намуданд.
Маълум гардид, ки воқеан шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон А.З.С дар доираи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар ширкати сохтмонӣ фаъолият намуда, талаботҳои корфарморо тибқи меъёрҳои муайяннамудаи корфармо иҷро намудааст, вале корфармо бо сабабҳои номаълум маблағи музди меҳнати номбурдаро ба муҳлати 5 моҳ пардохт накардааст.
Инчунин, зимни суҳбат бо корфармоҳо тасдиқ карда шуд, ки воқеан шаҳрвандони мо дар ширкатҳои мазкур ба муҳлатҳои муайян кор карда, мутаассифона, маблағи музди меҳнаташон баргардонида нашудааст.
Масъулини Намояндагӣ ҳодисаҳои мазкурро бо корфармо дар доираи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия ва созишномаҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Росси мавриди баррасӣ ва муҳкоима қарор дода, пардохти музди меҳнати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб намуданд.
Дар доираи тавофуқи ба амаломада корфармо музди меҳнати муҳоҷири меҳнатӣ – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муддати муайянд, аз шаҳрванд А.С.З. дар ҳаҷми 327800 рубл, шаҳрванд Н.Ҳ.С. дар ҳаҷми 175 000 рубл, аз шаҳрванд дар ҳаҷми 40000 рубл ва аз шаҳрванд Ҷ.С.Р. дар ҳаҷми 100000 пардохт карда шуд.
Дар маҷмуъ, аз ҷониби Намояндагӣ тибқи муроҷиатҳои шаҳрвандон дар раванди фаъолияти корӣ 642800 рубли русии музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои марбутаи Федератсияи Россия баргардонида шуд.
Дар ниҳояти кор, муҳоҷирони меҳнатӣ барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти худ миннатдории худро ба мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баён намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар семоҳаи аввали соли 2022 ба дафтари Намояндагӣ вобаста ба пардохт нагардидани музди меҳнаташон аз ҷониби корфармоён дар қаламрави Федератсияи Россия 49 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои профилактикӣ 2203200 рубли русии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз ҷониби корфармоён пардохт карда шуд.
Намояндагӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия медиҳад, ки пеш аз оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо ҳатман шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи аслии онро дар худ ва нусхаи дигарро ба шуъбаи минтақавии полис оид ба масъалаи муҳоҷиратӣ супоред. Ин амал имконият медиҳад, ки иҷозатномаи фаъолият – патент пас аз итмом расидан муҳлат бидуни убури сарҳад , боз ба як соли дигари меҳнатӣ тамдид ёбад.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ