Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » БУДУБОШИ ХУДРО РАСМАН БА ҚАЙД ГИРЕД

БУДУБОШИ ХУДРО РАСМАН БА ҚАЙД ГИРЕД

30 март 2023, Четверг
706
0
БУДУБОШИ ХУДРО РАСМАН БА ҚАЙД ГИРЕД
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки моҳҳои май-июни соли 2023 дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия рейди оммавӣ зери унвони “Нелегал” ҷиҳати муайян намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ гузаронида мешавад.

Вобаста ба ин, ба шаҳрвандоне, ки то ин давра будубоши худро расман ба қайди давлатӣ нагузоштаанд, тавсия дода мешавад, ки фавран худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузошта, барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бастаи ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоянд.

Дар ҳолати пайдо гардидани мушкилӣ ҷиҳати расмикунонӣ дар давлати иқомат муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;

3. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (966) 031-22-22;

4. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;

6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ