Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

01 июль 2024, Понедельник
741
0
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, расонида мешавад, ки дар қонунгузории Федератсияи Россия бобати гузоштан дар қайди муҳоҷиратӣ навгонӣ ворид карда шудааст.

Дар ин асно, Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 21.10.2023, №1756 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 15 январи соли 2007, №9” имкон медиҳад, ки шаҳрванди хориҷӣ бе пешпардохти маблағи солонаи патент муҳлати қайди муҳоҷиратиашро то 1 сол (ба муҳлати амали патент) тамдид намояд.

Қарори мазкур аз 26.10.2023 эътибор пайдо намуда, вобастагии пешпардохти маблағи патентро барои бақайдгирӣ манъ намудаанд.

Агар шаҳрванди хориҷӣ то 26 октябр патент гирифта бошад, пас ҳуқуқи тамдиди бақайдгирӣ пас аз пардохти навбатии маблағи патент (барои моҳи навбатӣ) пайдо мешавад. Пас аз гирифтани расиди (чек) пардохт, шаҳрванди хориҷӣ метавонад бақайдгирии муҳоҷиратро инчунин ба тамоми мӯҳлати боқимондаи ҳадди ниҳоии амали патент тамдид намояд.

Муҳим! Ҳангоми тамдиди бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳоро тавассути почта пешниҳод кардан мумкин нест, яъне огоҳинома дар бораи тамдиди бақайдгирии муҳоҷиратӣ шахсан ба шӯъбаи корҳои дохилӣ оид ба масъалаҳлои муҳоҷиратӣ ва дар баъзе минтақаҳо низ тавассути марказҳои бисёрсоҳавӣ (многофункциональные центры) пешниҳод карда мешавад. Шумо инчунин метавонед бақайдгирии худро тавассути поратли “Госуслуги” тамдид намоед.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (910) 443-63-35, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (993) 586-73-40 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;

3. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53.

4. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;

6. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ