Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 2 апрели соли 2025 дар заминаи Раёсати кор бо муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия Хадамот оид ба шаҳрвандӣ ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар назди Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия таъсис дода шуд.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва танзими раванди муҳоҷират ва қонунигардонии вазъи будубоши худ дар кишвари қаблукунандаи қувваи корӣ минбаъд ба раёсату шуъбаҳои ноҳиявии Хадамот оид ба шаҳрвандӣ ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия муроҷиат менамоянд.
Иттилоъ дода мешавад, ки масъалаи қонунигардонии шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 тибқи меъёрҳои муайяншуда амалӣ гардида истодааст.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ҷиҳати қонунуигардонии будубош дар кишвари иқомат то 30 апрели соли 2025 ба мақомотҳои марбута дар ин самт муроҷиат намоянд.
Барои гирифтани маълумот ва машваратшҳои ҳуқуқӣ шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.