Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Амонзода Ширин бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон мулоқот намуд

Амонзода Ширин бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон мулоқот намуд

11 сентябрь 2021, Суббота
780
0
Амонзода Ширин бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон мулоқот намуд

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ бо роҳбарони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ мулоқот намуд.
Зимни мулоқот, ҳамзамон роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Мирзозода Зоҳир Тоҳир, сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир Афғон, директори муассисаи давлатии “Агентии бакортаъминкунӣ дар хориҷа”, ширкатҳои интиқолдиҳандаи қувваи корӣ аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар, намояндагони васоити ахбори омма ва кормандони вазорат иштирок доштанд.
Амонзода Ширин бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон мулоқот намуд
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин Шодӣ дар ин нишаст ҳозиринро бо ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуд.
Қайд бояд кард, ки ҳамасола дар солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҷашни байналмилалии Наврўз, Рўзи Ваҳдати миллӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ, ки дар кишвар баргузор мегардад намояндагони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон аз хориҷи кишвар даъват карда мешаванд, ки ин иқдом барои шиносоии ҳарчи бештари ҳамватанони бурунмарзӣ бо зебогиҳои кишварамон мусоидат менамояд.
Зимни баргузории ҳамоиш қайд гардид, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориро бо диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба роҳ монда, онҳоро ҳамчун шарикони рушд эътироф намудааст.
Амонзода Ширин бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон мулоқот намуд
Дар ин вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва робитаи доимӣ бо сохторҳои вазорат, ҳамкорӣ барои ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор дар хориҷ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо таклифу пешниҳодҳо манзур шуданд.
Дар фарҷоми нишаст ба намояндагони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ифтихорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ