Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

24 ноябрь 2021, Среда
529
0
МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Бо мақсади таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 23 ноябри соли 2021 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин Шодӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Шоири Халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, доктори илмҳои филологӣ Қурбон Восеъ, муовини якум ва муовинони вазир, роҳбарони сохторҳои таркибӣ ва кормандони вазорат иштирок намуданд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳозиринро бо санаи муҳим ва ҷашни муқаддас барои миллати тоҷик муборакбод гуфта, қайд намуд, ки ин рамзи муқаддас барои ҳар як миллат аз асоситарин рукни давлатдорӣ, дарки заҳмати фарзандони фарзонаи он ва муҳимтар аз ҳама барои тақвияти ғуруру ҳувияти миллӣ хизмат менамояд.
МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик ин нишони садоқатро баланд бардошта, аз дурахши рангу ҷилои зебои он ифтихор мекунанд. Бо гузашти қариб се даҳсола ин рамзи миллӣ ба мазҳари меҳанпарастӣ табдил ёфта, мардум ва махсусан, наврасону ҷавононро дар атрофи худ муттаҳид менамояд, ҳисси ватандӯстиашонро бештар мегардонад, умед ба ояндаи некро дар қалбашон қавӣ сохта, дар замири ҳар фарди миллат ҳисси эҳтиром ба истиқлолу озодии Тоҷикистони азизро тақвият мебахшад”.
Махсусан, барои мардуми шарифи Тоҷикистон, ки таърихи ҳазорсолаҳои давлатсозию давлатдорӣ, шаҳрсозию фарҳангофарӣ дорад, парчам ё худ Ливои ковиёнӣ ҷойгоҳи шарофатмандона дорад.
Ҳамзамон, меҳмонони ҳузурдошта низ иштирокдоронро муборакбод намуда, «Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро яке аз санаҳои муътабар барои насли худогоҳу хештаншиноси кишвар дониста, дар васфи ватан, миллат, таъриху тамаддун, парчам ва арзишҳои миллию ватандорӣ сухан намуда, шеърҳо қироат карданд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ