Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мулоқот бо муовини Вазири маорифи Федератсияи Россия

Мулоқот бо муовини Вазири маорифи Федератсияи Россия

28 январь 2025, Вторник
194
0
Мулоқот бо муовини Вазири маорифи Федератсияи Россия
28 январи соли 2025 мулоқоти муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Нодирӣ Шаҳноза Анвар ва муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ бо муовини Вазири маорифи Федератсияи Россия Корнеев Андрей Алексеевич баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Вазорати меҳнат, иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои сохтмони Марказ барои кудакони болаёқат дар шаҳри Душанбе, рафти фаъолияти панҷ мактаби муштараки таҳсилоти умумии Тоҷикистону Россия, мутобиқ кардан ва расондани китобҳои дарсии забони русӣ, санҷиши ҳатмии донистани забони русии фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми қабули онҳо ба мактабҳои Россия, фаъолияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтай, омӯзиши фанни таърих дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили сафари кории Вазири маорифи Федератсияи Россия Кравтсов С.С. ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.


Мулоқот бо муовини Вазири маорифи Федератсияи Россия

Мулоқот бо муовини Вазири маорифи Федератсияи Россия

Мулоқот бо муовини Вазири маорифи Федератсияи Россия

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ