Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ТАВСИЯИ ҲУҚУҚӢ БА ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАВСИЯИ ҲУҚУҚӢ БА ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

22 апрель 2025, Вторник
167
0
ТАВСИЯИ ҲУҚУҚӢ БА ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо кӯдакони ноболиғ вориди қаламрави Федератсияи Россия мегарданд, онҳоро зарур аст, талаботҳои қонунгузории кишвари иқоматро нисбати ноболиғон риоя намоянд.

Дар қаламрави Федератсияи Россия кӯдакони ноболиғ ҳамроҳ бо яке аз волидон бояд дар қайди муҳоҷиратӣ гузошта шавад. Қонунгузории Россия номнавишти муҳоҷиратии кӯдакони ноболиғро бо яке аз волидайни он иҷозат медиҳад.
Номнавишти муҳоҷиратии ноболиғон дар асоси аризаи волидайн ё яке аз шахсони парастори кӯдаки ноболиғ дар мақомоти марбутаи муҳоҷиратии кишвари иқомат амалӣ карда мешавад.

Бақайдгирӣ дар Федератсияи Россия дар асоси розигии соҳибмулк ва волидайни кӯдак сурат мегирад. Ё ин ки дар асоси пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи будубоши кӯдаки ноболиғ дар ҷойи иқомати муваққатии шаҳрванд ба қайд гирифта мешавад.

Дар баробари ин, кӯдакони аз 6 сола боло, ки зиёда аз 90 шабонарӯз дар қаламрави Федератсияи Россия қарор мегиранд, волидайни онҳоро зарур аст, ки кӯдаки ноболиғро аз қайди изи ангушт ва расмгирии давлатӣ гузаронанд.

Дар ҳолати зиёда аз 90 шабонарӯз зиёд дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доштани шаҳрванди хориҷии ноболиғ, волидайнд дар асосҳои зерин метавонад, муҳлати будубоши шаҳрванди ноболиғро дароз намояд:
- Дар асоси муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) ва ё иҷозати фаъолияти меҳнатӣ барои кадрҳои баландихтисос;
- Дар асоси ҳуҷҷати волидайн - иҷозатномаи зисти муваққатӣ, иҷозати зист(РВП, ВНЖ) ва шаҳрвандии ФР;
- Донишҷӯ будани волидайни кӯдаки ноболиғ дар кишвари иқомат.

Дар ҳолати набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мазкур тибқи талаботи қанунгузории Федератсияи Россия пас аз 90 шабонарӯз будубоши шаҳрванди ноболиғи хориҷӣ дар кишвари иқомат ғарийқонунӣ мебошад.

Тибқи меъёрҳои нави қонунгузории кишвари иқомат дар ҳолати надоштани қайди муваққатии шаҳрванди ноболиғи хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна ба таҳсил фаро гирифта намешаванд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишвари пазиранда муввақатан зиндагӣ доранд, тавсия медиҳад, ки будубоши кӯдакони ноболиғро дар Федератсияи Россия қонунӣ гардонида, меъёрҳои қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ