Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мусоҳиба бо раиси ҷамъияти тоҷикони Кишвари Ставропол Қурбонхӯҷа Шаҳобов

Мусоҳиба бо раиси ҷамъияти тоҷикони Кишвари Ставропол Қурбонхӯҷа Шаҳобов

20 июнь 2019, Четверг
1 253
0
- Дар бораи таърихи таъсисёбии ҷамъият нақл мекардед? Чӣ қадар аъзо доред, дар кадом соҳаҳо ғайр аз кори ҷамъият фаъолият мекунанд?

- Ҷамъияти мо моҳи апрели соли 2015 бо номи Таджикский Национальный Культурный Центр "ДУСТИ" Ставропольского края таъсис ёфт ва расман дар Вазорати Адлияи Кишвари Ставрополи Федератсияи Россия ба қайд гирифта шуд. Дар узвияти ҷамъияти мо зиёда аз 200 нафар донишҷӯён, зиёда аз 500 нафар муҳоҷирон ва тоҷикони муқимӣ ҳастанд. Дар моҳи апрели соли 2019 дар номи ҷамъият дигаргуниҳо шуд ва дар айни ҳол бо номи НАЦИОНАЛЬНО-КУЛЬТУРНАЯ ОБЩЕСТВЕННАЯ ОРГАНИЗАЦИЯ "ТАДЖИКСКИЙ ЦЕНТР"ДУСТИ-ДРУЖБА" СТАВРОПОЛЬСКОГО КРАЯ. Роҳбарии ҷамъиятро банда, Шаҳобов Қурбонхӯҷа Саидхонович ба ӯҳда гирифтам. Ба ғайр аз кори ҷамъият бо тиҷорат машғул ҳастам. Инчунин узви Шӯрои этикии назди Ҳукумати шаҳри Ставропол мебошам.


- Ҳадаф аз таъсиси ҷамъият чи буд?

- Мақсади асосии таъсис додани ҷамъият таъмини сарҷамъии ҳамватанони дар минтақабуда, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони тоҷик, миёни халқияту миллатҳои дигар дар сатҳи хуб муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги миллӣ дар кишвари Ставропол мебошад.

- Ҷамъият дар самти муаррифӣ ва шиносоии фарҳангу таърихи миллати тоҷик ва таҳкими муносибатҳои дустона дар миёни дигар халқияту миллатҳои маскуни минтақа чӣ саҳм дорад? Кадом ҷашну чорабиниҳои миллӣ ва давлатии Тоҷикистон ва ФР ро қайд мекунед?
Мусоҳиба бо раиси ҷамъияти тоҷикони Кишвари Ставропол Қурбонхӯҷа Шаҳобов
medium=left]http://tajmigration.ru/uploads/posts/2019-06/1561016677_img-20190614-wa0008.jpg[/medium]

- Ҷамъият дар байни дигар халқияту миллатҳои маскуни кишвари Ставропол обурӯ ва нуфузи худро дорад. Бо маъмурияти кишвар ва мақомоти давлатӣ ҳамкориҳои хуб дорем. Ҳамаи идҳои давлатию миллиамонро, аз ҷумла ҷашни Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати Миллӣ, Рӯзи Истиқлолиятро дар сатҳи зарурӣ қайд мекунем. Дар тамоми идҳои шаҳри Ставропол иштирок меварзем, масалан чанд рӯз қабл, санаи 12 июн дар Рӯзи Россия дар баробари дигар халқияти миллатҳо дар чорабинии фарҳангӣ фаъолона ширкат намудем. Дар доираи ин чорабинӣ намоиши намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, либос ва хӯрокҳои миллӣ ташкил кардем. Дастаи ҳаваскорони ҷамъият барномаи ҷолиби консертӣ иборат аз рақсу сурудҳои дилнишини тоҷикӣ ба меҳмонони сершумори чорабинӣ пешкаш гардид, ки бо кафкӯбиҳо пазирой шуданд. Албатта ҳамаи ин тадбирҳо дар самти муаррифии фарҳангу тамаддуни миллиамон мусоидат хоҳад кард..

- Дар минтақа чӣ қадар донишҷуёни тоҷик ва дар кадом бахшҳо таҳсил менамоянд? Чӣ ҳамкорӣ доред бо донишҷуён?

- Хуршандибахшаст, ки дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати ҶТ ва ФР дар соҳаи маориф, бахусус таваҷҷӯҳи хосаи Пешвои Миллат, Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони мо имкон пайдо карданд, берун аз мамлакат низ, дар кишварҳои гуногуни олам бо касбомӯзӣ машғул гарданд. Кишвари Ставропол низ дар ин ҷода истисно нест. Дар минтақа айнизамон зиёда аз 200 нафар донишҷӯи тоҷик дар бахшҳои истихроҷу коркарди нафту газ, сохтмону меъморӣ, соҳаи тибб ва ғ. таҳсил мекунанд. Ҷамъият бо донишҷӯён пайваста мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуда, аз вазъи таҳсилу иқомати онҳо хабардор аст. Натиҷаи чунин робитаҳост, ки дар аксар чорабиниҳои идона ҷавонони мо фарҳангу санъати миллиамонро муаррифӣ мекунанд.












Мусоҳиба бо раиси ҷамъияти тоҷикони Кишвари Ставропол Қурбонхӯҷа Шаҳобов

- Соҳибкорони тоҷики муқими минтақаи шумо ҷиҳати дастгирии даъвати Президенти ҶТ оид ба саҳмгирӣ дар рушду ободонии зодгоҳи худ чӣ тадбирҳо андешиданд? Яъне дар деҳаҳои худ дар Тоҷикистон ягон чӣ бунёд кардаанд?


- Албатта, ҳар як даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои Миллатро ҷиҳати ободонии кишвар бо камоли эътимод истиқбол мекунем ва кӯшиш менамоем, то қадри имкон дар ин кори хайр саҳми муносиби худро гузорем. Он пешравиҳое, ки дар ватани азизамон таҳти сарварии Президенти мамлакатамон амалӣ мегарданд моро илҳому нерӯи тоза мебахшад. Соҳибкорони ҷамъият низ ба деҳаҳои худ ёрдами молии хешро мерасонанд барои ободии деҳа ва дар маҷмӯъ Тоҷикистони азиз саҳмгузор ҳастанд.

- Вақтҳои охир, дар баъзе мавридҳо гаравидани муҳоҷирони ҷавон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ - экстремистӣ ба назар мерасад. Ҷамъият бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо чӣ тадбирҳо меандешад?

- Хушбахтона дар минтақаи мо чунин ҳолатҳои нангин ба қайд гирифта нашудааст. Мо бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ, экстремистӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем. Дар ин вохӯриҳо аз оқиботу пайомадҳои ин гуна амалҳо, таъсири манфии он ба обруву шаъну шарафи миллӣ, наздикону пайвандон ва билохира ба худи шахс сухан карда мешавад. Чунин тадбирҳоро мо дар минбаъда низ идома хоҳем дод.

- Ташаккур барои сӯҳбат, дар фаъолияти ҷамъиятиатон барору комёбӣ хоҳонем.

- Саломат бошед.

Мусоҳиба бо раиси ҷамъияти тоҷикони Кишвари Ставропол Қурбонхӯҷа Шаҳобов











Мусоҳиба бо раиси ҷамъияти тоҷикони Кишвари Ставропол Қурбонхӯҷа Шаҳобов












Мусоҳиба бо раиси ҷамъияти тоҷикони Кишвари Ставропол Қурбонхӯҷа Шаҳобов











Мусоҳиба бо раиси ҷамъияти тоҷикони Кишвари Ставропол Қурбонхӯҷа Шаҳобов


Сӯҳбаторо Котиби матбуоти Намояндагӣ И.Аҳмадов

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ