Мулоқот бо фаъолони ҷамъиятии тоҷик дар вилояти Тюмени Федератсияи Россия

Зикр гардид, ки дар олами муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар инсонҳои осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур,аз ҷумла, дар заминаи сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги амнияти ҷамъиятӣ табдил ёфтааст. Дидани чунин манзараҳои мудҳиш, хусусан барои мо, бисёр дардовар аст. Чунки замоне кишвари моро низ чун нуқтаи доғу ҷангзада ба маърази тамошои аҳли ҷаҳон мегузоштанд.
Роҳбари ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Тюмен Абдулло Каримов дар баромади худ иброз доштанд, ки бадхоҳони миллати мо ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд. Дар ин замина пешниҳод гардид, ки дар ҳузури ҳамаи ҷамъомадагон қисми 5-уми филми мустанади «Хиёнат», ки дар он амалҳои террористиву иғвогаронаи ташкилоту гурӯҳҳои бадхоҳи миллати тоҷик инъикос ёфтаанд, ба намоиш гузошта шавад. Баъди тамошои якҷояи филми мазкур иштирокдорон назари худро чунин шарҳ доданд, ки дар асл ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии тарзи ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули рӯҳи солими инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд.
Дар анҷоми мулоқот аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар вилояти Тюмени Россия кору фаъолият мекунанд, даъват ба амал оварда шуд, ки 11 октябри соли 2020 ба Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбург омада, дар чорабинии муҳимтарини сиёсӣ – интихоботи президентӣ - ширкат ва ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳанд.