Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ДАР ТАМБОВ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

ДАР ТАМБОВ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

03 апрель 2025, Четверг
181
0
ДАР ТАМБОВ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Бо мақсади гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ дар миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба тағийротҳои қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ вохӯрии масъулинии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар масҷиди ҷомеаи шаҳри Тамбови Федератсияи Россия баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ вобаста ба талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати бехатар, расман фаъолият намудан дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, нигоҳдории ваъзи саломатию бешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ машварат ва тавсияҳои муфид дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ба танзим даровардани вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонии хориҷии аз 30 декабри соли 2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст, ки шаҳрвандон метавонанд то санаи 30 апрели соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро дар кишвари иқомат муайян намуда, ҳуҷҷатҳои худро расман ба қайд гузоранд.

Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намуда, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд.

Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағийротҳои охир дар қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии оила ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуд.

Инчунин ба шаҳрвандон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, фаъолияти ташкилотҳои террористиву экстремистидошта, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, риояи ҳолатҳои санитариву гигиенӣ, хатари бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои сияротшавии шаҳрвандон машварат дода шуд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ ба масъулини Намояндагӣ саволҳо дода, мутахассисон ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас гардониданд.
ДАР ТАМБОВ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ