ДАР ШАҲРИ КЛИН БА МУҲРОҶИРОН ТАВСИЯҲОИ ҲУҚУҚӢ ДОДА ШУД

Дар шаҳри Клини Федератсияи Россия вохӯрии масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки фаъолияти меҳнатӣ намуда истодаанд, баргузор гардид.
Вохӯрӣ дар ширкати ООО “Алексеевский Карйер” баргузор гардида, ба муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба муҳоҷирати бехатар, дарёфти ҷойи кори муносиб, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, танзими ҳуҷҷатҳои будубош, риояи қонунгузории кишвари иқомат машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур зиёда аз 70 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ дошта, корхона ба масъалаи дуруст будани ҳуҷҷатҳои будубоши кормандон, риояи меъёрҳои Кодекси меҳнати Россия ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ, фароҳам овардани шароит ва фазои хуби корӣ барои кормандон, аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 қонунигардонии шаҳрвандони хориҷӣ, ки мушкилот дар самти таҳияи ҳуҷҷатҳои муваққатӣ дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ доранд то 30 апрели соли 2025 идома дорад. Дар робита ба ин тавсия дода шуд, ки муҳоҷироне, ки вобаста ба ин масъала огоҳӣ надоранд, ба онҳо ин маълумот расонида шавад.
Инчунин дар ҷараёни вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, пешгирии ҷавонону наврасон аз омилҳои номатлуби иртиҷоӣ, гуруҳҳои террориству экстремистӣ ва пешгирии онҳо аз бемориҳои сироятӣ маълумот манзур гардида, тавсияҳои муфид расонида шуд.
Аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба мушкилоти муҳоҷиратӣ, тағийротҳо дар самти қонунгузории кишвари иқомат саволҳо дода шуда, ба онҳо масъулини Намояндагӣ посухҳои мушаххас гардониданд.
Ба муҳоҷирони меҳнатӣ иттилоъ дода шуд, ки сомонаи расмии Намояндагӣ www.tajmigration.ru саҳифаҳои расмии Намояндагӣ дар телеграмм https://t.me/predmintrud_rt_rf, фейсбук https://www.facebook.com/share/p/1YBtb4oy9e/?mibextid=wwXIfr ва инстаграм https://www.instagram.com/tajmigration_tj?igsh=MTJ6YXo4cXJsb24ycw%3D%3D&utm_source=qr фаъол буда, онҳо метавонанд маълумоти саҳеҳ ва дақиқро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия тавассути сомона ва саҳифаҳои мазкур мутолиа намоянд.