Баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳри Ковров
Рӯзи 21 сентябри соли 2024 дар Қасри фарҳанги шаҳри Коврови вилояти Владимир “Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Россия” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони расмии Тоҷикистон дар Россия, роҳбарон ва аъзоёни фаъоли ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони вилояти Владимир, намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Россия, аҳли илму фарҳанг, донишҷӯён, инчунин ҳамватанони муқими Россия иштирок намуданд.
Барномаи пурмуҳтаво ва ҷолиб, ки аз ҷониби ҳайати эҷодӣ омода гардида буд, ҳозиринро бо фарҳанги пурғановат, мероси маънавӣ, санъат ва анъанаи беназири халқи тоҷик ошно сохт. Мусиқии ноби тоҷикӣ, оҳангҳои дилнишин ва рақсҳои зебои духтарони тоҷик, аҳли нишастро дар фазои зебогӣ ва пурнишоти Тоҷикистон қарор дод.
Дар баромади худ Намояндагӣ вобаста ба саҳми ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони қаламрави Федератсияи Россия ва ҳамватанони бурунмарзӣ барои бартараф кардани мушкилотҳои зиёди соҳаи муҳоҷират, расонидани кӯмакҳои якҷоя ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, мутобиқшавии онҳо дар кишвари иқомат, пос доштани фарҳанги миллӣ ва забони модарӣ дар байни ҳамватанон, баргузории ҷашнвораҳои миллӣ дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия бо нишон додани намоишгоҳи дастовезҳои миллӣ, аз ҷумла сару либос, зардузӣ, таъомҳо ва ҳунарҳои миллӣ ибрози назар намуда, ба роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Ковров Саидов Назрулло Файзович сипосномаи Намояндагӣ тақдим карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Россия ҳамчун рӯйдоди муҳим дар муколамаи фарҳангӣ ва як қадами устувор дар рушди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Россия мебошад.