Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Тоҷикони вилояти Иркутск фарҳанги миллиро муаррифӣ карданд

Тоҷикони вилояти Иркутск фарҳанги миллиро муаррифӣ карданд

01 ноябрь 2018, Четверг
3 657
0
21 уми октябри соли равон, дар шаҳри Братски вилояти Иркутски ФР VII умин фестивали фарҳангии халқиятҳо таҳти унвони "Биёед бо дасти якдигар бигирем" баргузор гардид. Мақсади ташкил намудани ин фестивали дӯстӣ шиносоӣ бо урфу одат, расму анъанаҳои халкияту миллатҳои муқими минтақа буда, бо ташаббуси маъмурияти шаҳри Братск сурат гирифт. Дар чорабинии фарҳангӣ дар баробари 20 ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии миллӣ-фарҳангии халқияту миллатҳои гуногуни муқими минтақа созмони миллӣ-фарҳангии ба номи "Ҳамватан-Соотечественник"-и точикони вилояти Ирк¬утск низ фаъолона иштирок намуд. Иштирокдорони фестивал дар се бахш, аз ҷумла ороишоту либос, анвои хурокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва
барномаи консертӣ пешниҳод намуданд.
Намоян¬дагони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони вилоят дар ҳамаи барномаҳо фаъолона иштирок намуда, дар қатори дигар халқияту миллатҳо дар сатҳи баланд миллати тоҷикро муаррифӣ карданд.
Тоҷикони вилояти Иркутск фарҳанги миллиро муаррифӣ карданд




Тоҷикони вилояти Иркутск фарҳанги миллиро муаррифӣ карданд
Тоҷикони вилояти Иркутск фарҳанги миллиро муаррифӣ карданд
Тоҷикони вилояти Иркутск фарҳанги миллиро муаррифӣ карданд
Тоҷикони вилояти Иркутск фарҳанги миллиро муаррифӣ карданд

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ