Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Бо мусоидати Намояндагӣ расонидани кӯмакҳо ба муҳоҷирони меҳнатии эҳтиёҷманд идома дорад

Бо мусоидати Намояндагӣ расонидани кӯмакҳо ба муҳоҷирони меҳнатии эҳтиёҷманд идома дорад

19 май 2020, Вторник
1 235
0
Бо мусоидати Намояндагӣ расонидани кӯмакҳо ба муҳоҷирони меҳнатии эҳтиёҷманд идома дорадДар робита ба вазъи фарогирии пандемия ва дар ҳолати карантин қарор гирифтани ҳамватанон аз ҷониби намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанон ва соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати расонидани маводи ғизоӣ ба ҳамватанони эҳтиёҷманд тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ шуда истодааст.
Кӯмакҳои хайриявӣ дар манотиқи гуногуни Федератсияи Россия дар мадди аввал ба муҳоҷир занон ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатие, ки бо фарзандони хурдсолашон бинобар сабаби вазъи карантинӣ муваққатан бидуни шуғл ва таъминоти моддӣ мондаанд, расонида мешавад.
Дар доираи чунин тадбирҳо санаи 18 майи соли 2020 Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират бо дастгирии соҳибкори тоҷик Наимов Фирдавс ба 26 оилаи муҳоҷири ниёзманд, ки дар шаҳри Москва ва ноҳияҳои атрофи он иқомат доранд, бо тартиби «хона ба хона» маводи ғизоӣ тақсим карда шуд. Ҳамчунин худи ҳамон рӯз кормандони Намояндагӣ ба 28 нафар донишҷӯи тоҷик, ки дар Донишгоҳи иқтисодии Россия ба номи Г.В.Плеханов таҳсил менамоянд, миқдори муайяни маводи хӯрока расониданд.
Боиси ифтихору хушнудист, ки фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятии ҳамватанон ва шахсони ватандӯсту саховатманд ба даъвати намояндагиҳои расмӣ оид ба анҷоми корҳои хайру савоб ҳам райъӣ зоҳир намуда, ба ҳамватанони муваққатан ба дастгирии моддӣ эҳтиёҷдошта, кӯмак мерасонанд.
Дар давоми ҳафтаи ҷорӣ ба даҳҳо муҳоҷирзанони тоҷике, ки дар шаҳрҳои Балашиха, Домодедово, Люблино ва Калуга будубош доранд, маводи озуқаворӣ расонида шуд.
Расонидани чунин кӯмакҳо дар минтақаҳои дигари Россия низ ҷараён доранд.
Бо мусоидати Намояндагӣ расонидани кӯмакҳо ба муҳоҷирони меҳнатии эҳтиёҷманд идома дорад
Бо мусоидати Намояндагӣ расонидани кӯмакҳо ба муҳоҷирони меҳнатии эҳтиёҷманд идома дорад

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ