Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Дастгирии навбатии хамватанони ниёзманд дар минтакаи Москва

Дастгирии навбатии хамватанони ниёзманд дар минтакаи Москва

23 май 2020, Суббота
1 293
0
Дастгирии навбатии хамватанони ниёзманд дар минтакаи МоскваЯке аз самтхои афзалиятноки сиёсати ичтимоии Хукумати Чумхурии Точикистон дастгирии пайвастаи табакахои эхтиёчманди ахолиба шумор меравад. Чунин тадбирхо натанхо дар дохили мамлакат, балки дар хоричи кишвар низ тавассути намояндагихои расми амали карда мешавад. Чихати ичрои ин максадхо Намояндагии Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумхурии Точикистон дар Федератсияи Россия оид ба мухочират бо дарназардошти вазъи мураккаби эпидемики аз рўзхои аввали махдудшавии фаъолияти мехнатии шахрвандони ЧТ дар манотики гуногуни Федератсияи Россия кабулу барўйхатгирии дархостхои хамватанонро оид ба расонидани кўмакхо рохандози намуда, дар доираи имконот чалби ташкилоту созмонхои чамъиятии хамватанон ва шахсони алохидаи саховатмандро ба ин кори хайру савоб рахандози кард.
Санаи 22 майи соли равон бо мусоидати Намояндаги аз чониби сохибкори муваффак Рахимчон Бобочонов икдоми навбатии башардўстона дар худуди шахр ва вилояти Москва анчом дода шуд. Дар арафаи Иди саиди Фитр бо дастгирии ин марди хайрхох, дар баробари хайрхое, ки худ мустакиман анчом дода истодааст, ба 100 оилаи эњтиёчманд, мухочирзанон ва донишчўёни точик, ки бинобар дар холати карантини карор доштанашон ба Намояндаги бо дархости кўмак ќаблан мурочиат карда буданд, ба хар кадоме дар хачми 5 хазор рубли, кўмаки молияви расонида шуд. Хамаи ин маблагхо ба кортхои бонкии ниёзмандон тибки рўйхат гузаронида шуданд.
Бояд гуфт, ки Рахим Бобочонов ва даххо сохибкорони точики бурунмарзи дар мохи шарифи Рамазон дар ин шароити мураккаб ба хамватанони ниёзмандамон дар манотиќи гуногуни Россия дасти кумак дароз карданд, ки ин амали хайри эшон боиси ифтихору тахсин аст.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ