Дар бораи рейд дар Фуд Ситии Москва

Зимни сухбат бо намояндагони Сафорати ЧТ ва Намояндаги кормандони масъули маркази тичоратии Фуд Сити аз њисоби хамватанон изхор намуданд, ки дар рафти санчиш ягон нафар аз мухочирони точик аз чониби кормандони макомоти хифзи хукук боздошт нашудааст.
Илова бар ин, Намояндаги бо масъулини шуъбаи корхои дохилии «Коммунарка»-и шахри Москва, ки тибки баъзе маълумотхо дар шабакахои ичтимои гуё, ки теъдоди зиёди мухочирони точик боздошт шудаанд, дар тамос шуда, муайян намуд, ки дар шуъбаи мазкур санаи 26 май танхо се нафар шахрванди Точикистон, ки ягон алокаманди ба бозори Фуд Сити надоштанд, бинобар сабаби риоя накардани талаботхои зиддиэпидемики, яъне беникобу дастпуш гаштугузор карданашон, чаримабанди шудаанд.