Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Дар шахри Москва худканоргири ва махдудиятхо вобаста ба низоми рухсатномави бекор карда шуд

Дар шахри Москва худканоргири ва махдудиятхо вобаста ба низоми рухсатномави бекор карда шуд

09 июнь 2020, Вторник
906
0
Дар шахри Москва худканоргири ва махдудиятхо вобаста ба низоми рухсатномави бекор карда шудШуруъ аз имруз, 09 июни соли 2020 дар шахри Москва махдудиятхои худканоргири ва низоми рухсатномави, ки аз 29 марти соли чори бо максади пешгирии пахншавии пандемияи коронавирус Ковид-19 татбик мешуд, бекор карда шуд. Фармони марбутаи раиси шахри Москва «бинобар бехдошти вазъи санитарию эпидемиологи ва кохиш ёфтани холатхои сироятшави» дируз, 08 июн ба тасвиб расид.
Мувофики он, минбаъд шахрвандон метавонад, дар худуди шахри Москва бидуни рухсатнома, аммо бо риояи талаботхои зиддиэпидемики, бо пушидани никобу дастпуш гаштугузор намоянд.
Хамчунин бо фармони мазкур фаъолияти ташкилоту муассисахои хизматрасони, аз чумла сартарошхонахо, кошонахои хусн, суратхонахо ва ташкилотхо вобаста ба кортаъминкунию интихоби коргарон, муассисахои таълимии хусуси, каршеринг ва хизматрасонии такси бо риояи талаботхои зиддиэпидемики аз 9 июн ичозат дода мешавад.
Тибки хамин фармон аз 16 июн дастрасии кормандон ва мизочон ба кахвахонахои мавсимии тобистона ичозат дода шуда, ташриф ба китобхона, музей ва богхои хайвонот дар асоси чиптахои электронии пешаки харидоришуда ба хохишмандон имконпазир мегардад.
Аз 23 июн сар карда фаъолияти иншооти варзишии оммави, аз чумла фитнес клубхо, толорхои шиновари, тарабхонаву кахвахонахо, ошхонахо ва нукитахои фуруши хуроки умуми, хамом, толорхои масх, майдончахои кудакона, варзишгоххои назди хонахо ва иншооти истифодаи умум огоз мегардад.
Аз ин ру, аз хамватанон хохиш карда мешавад, ки дар ин муддат талаботхои мукарраргардидаи зиддиэпидемикиро риоя намуда, нисбат ба сихатии худ ва атрофиён масъулиятшинос бошанд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ