Корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ

Дар вохӯрие, ки имрӯз, санаи 11 июни соли 2020 дар маҳалли сохтмонӣ, воқеъ дар ҳудуди шаҳри Троитски вилояти Москва баргузор гардид, ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик масъалаҳо вобаста ба навгониҳои қонунгузории федералӣ оид ба будубош ва фаъолияти меҳнатӣ, риояи талаботҳои зиддиэпидемикӣ байни муҳоҷирон ва эҳтиёткорӣ аз шахсони қаллоб, к ибо фуруши чиптаҳои қалбакӣ машѓуланд, баррасӣ шуданд.
Зимни сӯҳбат маълум гардид, ки дар ташкилоти сохтмонии ҶДММ «РСК», ки ба сохтмони анборҳои калонҳаҷм машѓуласт, бештар аз 50 нафар шаҳрвандони тоҷик фаъолият доранд.
Дар тафовут ба дигар соҳаҳо бо сабабҳои маҳдудиятҳои зиддиэпидемикӣ кор дар иншооти мазкур қатъ нагашта буд ва ҳамватанони мо бо риояи талаботҳои пешгирии бемории Ковид-19 фаъолият доштанд. Хушбахтона, то индам ягон нафар аз шаҳрвандони мо ба ин беморӣ сироят нашудаанд.

Ҷиҳати тамдиди мӯҳлати бақайдгирӣ, яъне регистратсия низ иттилоъ дода шуд, ки баъди 15 июн муҳоҷирон метавонанд бо ҳамроҳии ҷониби қабулкунанда ба шӯъбаҳои кор бо муҳочирати маҳалли иқомташон рафта, санади будубошашонро тамдид кунанд.
Дар робита ба масъалаи бозгашт ба ватан, ба самъи муҳочирон расонида шуд, ки айнизамон ба ягон намуди нақлиёт, аз ҷумла ҳавопаймо, қатора, мусофирбар иҷозати расмӣ дода нашудааст ва ҳамватанон набояд ба пешниҳодҳои бархе аз шахсони қаллоб, ки вақтҳои охир тавассути шабакаҳои интернетӣ ваъдаҳои беасос дода, чиптаҳои қалбакӣ мефурӯшанд, бовар накунанд.
Оѓози алоқаҳои нақлиётӣ ва кушода шудани роҳҳо байни Тоҷикистону Россия ва дигар давлатҳо тавассути манбаҳои расмӣ хабар дода мешавад. Ва он гоҳ хоҳишмандон метавонанд чиптаҳоро харидорӣ намуда, ба сафар бароянд.