Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Дар шаҳри Москва марҳилаи дуюми маҳдудиятҳо вобаста ба пешгирии сирояти коронавирус бекор карда шуд

Дар шаҳри Москва марҳилаи дуюми маҳдудиятҳо вобаста ба пешгирии сирояти коронавирус бекор карда шуд

23 июнь 2020, Вторник
993
0
Аз имрӯз, 23 июни соли 2020 дар шаҳри Москва марҳилаи дуюми маҳдудиятҳои худканоргирӣ ва низоми рухсатномавӣ, ки аз 29 марти соли ҷорӣ бо максади пешгирии паҳншавии пандемияи коронавирус Ковид-19 татбик мешуд, бекор гардид. Фармони марбутаи раиси шахри Москва «бинобар бехдошти вазъи санитарию эпидемиологи ва кохиш ёфтани холатхои сироятшави», 08 июн ба тасвиб расида буд.
Мувофиқи он, аз 23 июн сар карда фаъолияти иншооти варзишии оммавӣ, аз ҷумла фитнес клубҳо, толорҳои шиноварӣ, қисмати дохилии тарабхонаву каҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва нуқтаҳои фурӯши хӯроки умумӣ, ҳаммом, толорҳои масҳ, майдончаҳои кӯдакона, майдончаҳои варзишии назди хонаҳо ва иншооти истифодаи умум огоз мегардад.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 09 июни соли 2020 мувофиқи фармони мазкур шаҳрвандон метавонистанд, дар ҳудуди шаҳри Москва бидуни рухсатнома, аммо бо риояи талаботҳои зиддиэпидемикӣ, бо пӯшидани ниқобу дастпӯш гаштугузор намоянд.
Ҳамчунин фаъолияти ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, суратхонаҳо ва ташкилотҳо вобаста ба кортаъминкунию интихоби коргарон, муассисаҳои таълимии хусусӣ, каршеринг ва хизматрасонии такси бо риояи талаботҳои зиддиэпидемикӣ аз 9 июн иҷозат дода шуда буд.
Бекор шудани марҳилаи дуюми маҳдудиятҳо ва ба фаъолияти пурра шурӯъ кардани аксари муассисаҳои хизматрасонию хуроки умумӣ имкониятҳои навро ҷиҳати дарёфти ҷойҳои кориро фароҳам месозад.
Ҳамватанони гиромӣ, тавре шумо огоҳ ҳастед, мувофиқи фармони Президенти ФР №392 аз 15 июни соли 2020 бинобар вазъи ба амаломада вобаста ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус мӯҳлати амали санадҳои марбут ба қайди муҳоҷиратӣ (регистратсия), боз ба се моҳи минбаъда, яъне то 15 сентябр тамдид карда шуд. Вале дар фарқият ба фармони пештара, ки барои фаъолияти меҳнатӣ бидуни патент ва пардохти андози патент ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозати кор кардан дода мешуд, аз 15 июн бидуни патент фаъолияти меҳнатӣ анҷом дода намешавад. Касоне, ки дар давраи аз 15 март то 15 июн бе патент кор кардаанд, бояд минбаъд патент гиранд. Мақомоти марбутаи ФР ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон додааст, ки сарфи назар аз мақсади вуруд дар корти муҳоҷиратӣ шаҳрванди хориҷӣ метавонад аз марказҳои муҳоҷиратӣ патент гиранд. Ҳамчунин шахсоне, ки патент доранд, минбаъд бояд андози моҳонаи патентро пардохт намоянд.
Ёдовар мешавем, то ин дам, тибқи муқаррарот, агар шаҳрванди хориҷӣ дар корти муҳоҷиратияш мақсади вурудашаро «кор» (работа) дарҷ намекард, ба ӯ патент дода намешуд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолӣ аз ҳамватанон-муҳоҷирони меҳнатӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, касоне, ки дар ин давра ва баъд аз 15 сентябр мақсад доранд дар Федератсияи Россия будубош намуда бо фаъолияти меҳнатӣ машѓул шаванд, аз ин имконият истифода намуда, патенти корӣ ба расмият дароранд ва дар доираи қонунгузорӣ кору иқомат намоянд.
Ҳамчунин аз ҳамватанон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин муддат талаботҳои муқарраргардидаи зиддиэпидемикиро риоя намуда, нисбат ба сихатии худ ва атрофиён масъулиятшинос бошанд.
Дар сурати пайдо шудани нофаҳмиҳо ҳамватанон метавонанд бо телефонҳои зерин ба Намояндагӣ муроҷиат кунанд
+7(495)967-98-44;
+7901 422 35 78.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ